Соли равон меҳнаткашони ноҳия барои сарсабзу зебо гардондани ҳудуди қўчаҳо, гулгашту хиёбонҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишинашон садҳо бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу гулбўттаҳои ҳархела шинондаанд. Нақшаи ободу зебогардонӣ ва шинондани дарахтону гулбўттаҳоро сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Даштигуло, Панҷрўд, Чубек, Панҷоб ва шаҳрак мутаносибан аз 106 то 118 фоиз ба иҷро расонданд. Сокинони ғайратманду зебоидўсти ин ҷамоатҳо дар қад-қади роҳҳо, ҷойҳои холимондаи заминҳо аз 1850 то 2300 тана дарахтон ва садҳо бех гулҳои зебои ҳархелаи ороишӣ шинондаанд.
-Мо нақшаҳои дар ин бобат ба зимма гирифтаамонро сарбаландона сомон дода, илова ба нақша садҳо бех дарахтону гулбўттаҳо шинондем. Зиёда дарахтони шинондаамон ҳамешасабз ва ороишианд. Имсол ба шинондани гулҳои ҳархела аз қабили садбарг ва лола диққати ҳамтарафа додем. Кўшиш ба харҷ дода истодаем, ки дар ободиву сарсабзии ноҳияамон ҳиссаи худро гузорем,- гуфт зимни суҳбат мудири бахши ҳифзи табиати ноҳия Д.Ёрматов.
Натиҷаи чунин амалҳои неки ободкориву созандагӣ ҳаст, ки симои ноҳия сол аз сол рў ба ободӣ оварда, таровати тоза ба худ гирифта истодааст.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ