Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КИШТИ ПАХТА ИҶРО ГАРДИД

                                                 

              Меҳнаткашони қавииродаи ноҳия  дар арафаи кишти пахта, ғайратмандӣ нишон дода, аз иҷрои  нақшаи ба зимма гирифтаашон сарбаландона баромаданд. Имсол заркорони ноҳия дар майдони 5950  гектар  бо сифати баланд ва дар асоси нишондодҳои  мутахассисон  кишти пунбадона гузарониданд.  Дар  як қисми заминҳо аллакай пунбадона неш зада баромад.

            -Мо ҳанўз дар  аввали саршавии сол семинару ҷамъомадҳо гузаронида, барои дар заминҳо кишт намудани навъҳои нави пунбадона маслиҳат дода будем. Деҳқонон пайи маслиҳатҳои мо амал намуда, дар  майдонҳои пахта навъҳои серҳосил ва ба шароити ноҳия мувофиқ аз қабили  «Флеш», «Хатлон», «Хуҷанд-67», « Тобонӣ», « Флора»  ва дигар намудҳои фоидаоварро кишт намудаанд. Ният дорем, ки нигоҳбини пахтазорро дар асоси қоидаҳо агротехникӣ ба роҳ монда, нашунамои ниҳолҳои пахтаро пурра  таъмин намоем,- гуфт дар суҳбат иҷрокунандаи раиси Раёсати кишоварзии ноҳия Назримад Зарифов.

             Деҳқонони ноҳия ҳар сол тавассути меҳнати бурдборонаашон яке аз аввалинҳо шуда, аз ичрои  нақшаву ўҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон сарбаландона мужда мерсонанд. Имсол  низ ваъда гирифтанд, ки  тавассути  меҳнати садоқатмандонаашон  пешсафиро аз даст надода, муваффақиятҳояшонро боз ҳам афзун намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисторо  бо тўҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз мегиранд.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

        

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай