Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ГАНДУМЗОРОН ТОЗА МЕШАВАНД.

            Боронҳои пай дар пайи имсола боиси дар гандумзор рўидани алафҳои бегона ва махсусан рапс гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода дар ҷамъомади назоратии  рўзи душанбе  аз мутахассисони соҳаи кишоварзӣ оиди ҳолати тоза кардани гандумзор аз алафҳои бегона   сахт пурсон шуд.

       -Агар заминҳои гандумзор аз алафҳои бегона тоза карда нашаванд, дар ҳамин мавсими ҳосилбандии гандум  ба ҳосили дилхоҳ умед бастан амри маҳол  аст.  Тамоми мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳоро лозим меояд, ки ба ин тарафи масъала диққати ҷиддӣ диҳанд,-гуфт раиси ноҳия. 

 Аз ин рў, деҳқонон ба ҳашар баромада, барои аз  алафҳои  бегона тоза намудани гандумзорҳо меҳнати аҳлона намуда истодаанд. Онҳо дар асоси дастуру нишондодҳои мутахассисон амал намуда, заминҳои гандум нашъунамо кардаро  аз алафҳои бегона  мекунанд.

       - Имсол бинобар сербориш омадани боду ҳаво дар заминҳои гандум кишт намудаи деҳқонони ноҳия алафҳои бегона, махсусан рапс зиёдтар рўйидааст. Агар деҳқонон  заминҳоро аз ин алафҳои бегона таза накунанд, онҳо ба нашъунамои гандумзор  ва ҳосилбандии онҳо  монеъ мешаванд. Ҳамин аст, ки имрўзҳо деҳқонони  ба ин кор сафарбар шуда, заминаи серҳосилиро гузошта истодаанд. Тоза кардани майдонҳои гандумзор аз алафҳои бегона дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Панҷрўд, Қаҳрамон бо сифати баланд идома дорад.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай