Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ШУМО ДАР ЗИНДАГӢ САРГУМЕД.

 

        Эй ҳарзагўёни  беватан,  шумо ҳаргиз домони боиффати Ватану миллатро бо сангҳои-ифлоси андохтаи худ доғдор карда наметавонед.      

         Дилам месўзад ба он фарзанде, ки дар чорроҳаи зиндагӣ саргум шудааст ва ба кадомин тараф рафтанашро намедонад. Ў дар  чорроҳаест, ки он роҳи хиёнат ба Ватан, ба миллат ва мадари хеш аст. Ў бошад, дар ин чорроҳаи зиндагӣ қутбнамои  раҳи зиндагиашро гум кардааст. Намедонад, ки ба кадомин тараф гом занад.  Чун одамони олўсшуда дасти мадад сўйи ҳар як худиву бегона дароз мекунаду имдод металабад. Аммо чи илоҷ бузургонамон дар чунин мавридҳо барҳақ гуфтаанд: « Худкардаро даъво нест, вовайлои пинҳонӣ». Шумо эй фарзандони нохалафи  миллат. ( ба фарзанд гуфтан забон намегардад) замоне дар ҳамин замини муқаддас, Ватани аҷдодиатон  хуни нофатон рехта буду аввалин калимаи муқаддас - алларо бо гўши шумо модаронатон дар ҳамин сарзамини биҳиштосо бо садои маҳине, ки то шуморо оромона хоб барад, суруда буданд. Шумо дар домани ин кўҳҳои сар ба само  кашида камол меёфтеду аз оби мусаффои чашмасорони серуни он ташнагӣ мешикастед. Аммо афсусу сад афсус, ки  чун худро шинохтед, ҳамаи ин  шабзиндадориҳои Модарро, марҳамати Ватани биҳиштиро  ба чоҳи бетаги фаромўшӣ афкандеду  мақоли « Тифли домангири ман, охир гиребонгир шуд»-ро дар радифи номатон хатотӣ кардед, ки ин маънии хиёнат ба Ватану Модарро дорад. Бале кору кирдор ва сухану амали шуморо ба ҷуз фарзанди  ХИЁНАТКОР дигар чизе наметавон гуфт.  Шумо эй «ватандўстон»-и  хиёнатпеша боре фикр кардед, ки барои  Ватани аҷдодиатон кори хайреро ба сомон расондаед?  Не, шумо чунин фикр ҳам карда наметавонед, чунки ба ҷойи каллаи шумо хуҷаиноне, ки ба нағмаи онҳо шумо рақс мекунед, фикрронӣ мекунанд. Аммо фикру ақидаи онҳо хилофи оромию осудагӣ, сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкории Ватану миллати мост. Вале шумо «ватандўстон»-и хасакӣ « тушбераро хом шуморидаед». Имрўз миллати озоду созанда ва фарҳангофари моро маромаш сулҳ ҳасту оромӣ, созандагию бунёдкорӣ. Мо дигар ба он суханони пучу пойдарҳавои шумо бовар намекунем. Ҳар як сухани шумо, ваъдаҳоятон, озодиву андешаҳояатон  амсоли  ҳубобчаҳои дарунхолии рўйи дарёст, ки ҳамагӣ бо як даст задан кафида, ба боди фано мераванд. Мо шуморо ҳаргиз бовар карданӣ нестем ва ҳам намекунем. Чунки шумо пойбанди  хуҷаинони  беватани худ ҳастеду сухани ҳақиқатнигоронаи  худро надоред  ва ҳақиқатро бошад, кайҳо фаромўш кардаеду  кўр-кўрона аз пайи онҳо равонед. Ваъдаҳои  пучу бемағзи хўчаинони хориҷиатон чашонатонро олўс гардондааст. Ва рўзе ба чоҳи бетагӣ беномўсию хиёнаткорӣ  телаатон  медиҳанд. Вақте хўшатон ба саратон омада, хатоии худро дарк мекунед, пушаймон мешавед, аммо пушаймонї дигар суде надорад. Мо имрўз бо азми қавъӣ, неруи созандагӣ ва гайрати ободкорӣ  таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи  миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўйи  қуллаҳои максадҳои дар пеш гузоштаамон сарбаландона қадам зада истодаем. Ва ин гомҳои устувореанд, ки моро ба  ҳадафҳои дар пеш гузоштаамон боэътимод раҳнамун мекунанд ва  карда истодаанд. Аммо шумо бошед, аз дур ин муваффақиятҳову созандагиҳои миллатро нодида мегиред.Вале фаромўш накунед, ки шоири давр устод Алимуҳаммад Муродӣ ба шумо фарзандони нохалаф ишора карда гуфтааст:

                Эй ҳамватан, бо ҳамватан ноошно будан бас аст.

                Шохоби як дарёем, аз ҳам ҷудо будан бас аст.

           … Бо ҳамдигар овехтан, хуни бародар рехтан,

               Хоки Ватанро бехтан, дар моҷаро будан бас аст.

          … Дасти худатро бўса кун,  муздурии нокас накун,

               Аз тухмаи озодаӣ, шоҳӣ, гадо будан бас аст.

                                                                                Абдуҳалим Салимзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.