Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ХИЗМАТИ ВАТАН ҚАРЗ АСТ

                     

           Дар ноҳия даъвати наваскарон ба сафи Артиши миллӣ дар рўҳияи баланди ватандўстӣ идома дорад. Ҷавонони бо нангу номўси ноҳия ихтиёрӣ ба ҳимояи марзу буми Ватани соҳибистиқлоламон рафта, бо сари баланд хизмат намуда истодаанд. То имрўз зиёда аз 125 нафар ихтиёриён  сафи  Артиши  миллии  мамлакатро пурра кардаанд.

    -Имсол бояд зиёда аз 140 нафар ҷавонони синнашон ба ҳимояи Ватан расида бояд хизматро сарбаландона иҷро намоянд. Ва нақшаи ба зимма гирифтаамон  аллакай дар арафаи  иҷро шудан мебошад,-гуфт сардори комиссари ҳарбии ноҳия, подполковник  Мирзозода  М.Б.

      Дар даъвати ҷавонон ба  сафи Артиши  миллии имсола кори хуби Ҷамоатҳои деҳоти Панҷрўд ва Чубек (раисонашон  Ф. Раҷабов ва Х. Абдулхайров)-ро алоҳида қайд кардан лозим аст. Онҳо ҳанўз дар рўзҳои  аввал   нақшаи  даъватро сарбаландона сомон доданд. Вале  дар радифи ин қайд карданием, ки нисбати ин маъракаи муҳими сиёсӣ раисони Ҷамоатҳои Даштигуло ва Турдиев  камфаъолиятӣ зоҳир карда истодаанд.

      Набояд фаромўш кард, ки хизмати Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавони  соҳиби ҷасорати бузург ва ватандўст аст.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.