Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОБОДКОРӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Сол аз сол беҳ шудани шароити зиндагӣ боис гардид, ки дар ноҳия ҷавонмардони сахипеша, эҳсонкор ва дасткушоду олиҳиммат зиёд шуда, нақши неки худро  дар ободиву сарсабзии ноҳия гузоранд. Ин ҷавонмардони олиҳиммат  дар  ободу зебо гардондани ноҳия, бунёди иншоотҳои барои хизмати мардум зарурӣ , ободкорию созандагӣ ташаббускориву олиҳимматӣ  нишон дода, барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти кишвари азизамон суботкорона меҳнат намуда, намунаи олии ватандўстӣ нишон дода истодаанд. Дирўз бо иштироки раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, дар ҳозири  аҳли меҳнаткашон ва ҷавонмардони саховатпеша  як  қатор иншоотҳои зарурии рўзгор, ки бо маблағи ҷавонмардони ватандўсту ҳимматбаланд сохта шуда буданду ба хизмати меҳнаткашон вогузор карда шудаанд, дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.  АЗ ҶУМЛА:    

МАРКАЗИ САВДО ДАР ДЕҲАИ САФЕДОБИ ҶАМОАТИ ПАНҶРЎД                                                              

        .Анъанаи неке шудааст, ки мардуми озоду саодатманди мо ҳар як чорабинии созмондодаро  бо як хушнудии калон, садои мусиқии дилангез ва рақсу бозӣ пазироӣ мекунанд, ки ин аз шароити хубу зиндагии шоистаи мардум гувоҳӣ медиҳад. Ҳангоми буриани лентаи рамзии кушодашавии мағозаи молҳои хўрокворӣ ва молҳои саноатӣ ин анъанаи нек  бори дигар такрор ёфт. Раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода дар вазъияти тантанавӣ дар ҳозирии сокинони маҳаллаи мазкур лентаи рамзиро бурида, ба кори неки соҳибмағозаҳо, ки чунин кори хайрро сомон додаанд, фотиҳаи нек дод. Мағозаи омехта, ки  бо ташаббуси  соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Назримадов  сохта шудааст, дар он маводҳои  ниёзи мардум - аз қабили орду биринҷ, шакар,  картошкаву пиёз ва дигар анвои хўрданӣ ба  сокинони маҳал пешниҳод карда шудааст,ки  нисбати нархи бозор арзонтаранд. Дар  толори  дигари мағоза молҳои саноатии рангобаранд  барои хариди мизоҷон оварда шудааст. Акнун сокинони маҳалла ва гирду атрофи он дигар роҳи дурро тай накарда, талаботи худро аз ҳамин мағоза қонеъ мегардонанд.

         -Чанд сол пай дар пай барои  кор ба мулки Руссия рафтам, аммо ба қавли калонсолҳо якам ду нашуд. Паи соҳибкорӣ дар  мулки худам шудам. Корам баракат овард ва ният кардам, ки барои ҳамдеҳагонам як маркази хизматрасонӣ бунёд намоям. Раиси ноҳия ва Ҷамоати Панҷрўд ин таклифи маро маъқул дониста, қитъаи замин ҷудо намуданд. Инак, мағоза низ омода гардид ва дар вазъияти тантанавӣ он бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Б. Одиназода  ва сокинони маҳалла  мавриди истифода қарор гирифт. Мо кўшиш мекунем, ки корро дар асоси талабу дархостҳои мардум ба роҳ монда, талабашонро қонеъ гардонем,- гуфт  дар суҳбат  мудири мағоза Нуриддин Назримадов. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия       

 

 

 

 

                                                   

                      

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.