Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

        Аз қадим гузаштагонамон бунёди роҳҳоро, обод кардани роҳҳои вайроншударо  кори савоб ҳисоб мекарданд ва барои  ободии онҳо ҳамеша дастаҷамъона кўшиш мекарданд. Ин  гуфтаи гузаштагонамонро имрўз ҷавонони ғайратманду соҳибватан бо сари баланду неруи созандагӣ идома дода истодаанд. Солҳои  зиёд сокинони деҳаи Таги Камари ҷамоати  Чубек роҳи зиёдеро гирдгардон тай намуда, ба деҳаашон мерафтанд.  Ҷавонмарди соҳиби ғайрати баланд ва ташаббускор Нурмуҳаммад Салимов пеши худ вазифа гузошт, ки ин мушкилии ҳамдеҳагонашро осон мегардонад. Ў роҳи пиёдагарди деҳаашонро тавассути техникаҳои роҳкушо васеъю ҳамвор  намуда, сангфарш карда, ба ин васила роҳи омаду рафти ҳамдеҳагонашро сабуку осон намуд. Роҳи сохташудаи ин ҷавонмарди хайрхоҳ 2,5  километр дарозӣ дошта, дар қад-қади он зиёда аз 27 симчўбибетонӣ бо фурузонкунакҳо насб карда шудааст.  Кори хайри  ин ҷавонмарди олиҳиммат роҳи сокинони маҳаллаҳои  Меҳвар ва Таги Қамарро даҳҳо маротиба кўтоҳ намуд.                                                            

        Бо хушнудӣ метавон қайд намуд, ки меҳнаткашони ноҳия бо меҳнати суботкоронаву ғайратмандонаи худ, барои ободию сарсабзии ноҳияашон ҳамвора чидду ҷаҳд намуда, мақсадашон ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол гирифтан аст.                                                                                       

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.