Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВАҲДАТИ МОРО НИГОҲ ДОРАД ХУДО!

Иттиҳоди панҷаҳо пурзур созад муштро,

Бишканад бори ҷудоӣ қомати ангуштро.

Оре, иттиҳод, Ваҳдат, ягонагӣ аз мафҳумҳое мебошад, ки насиби на ҳар миллат мегардад. Алома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин маънӣ хело хуб гуфтааст.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Миллати шарифи тоҷик тақдири худ, сарнавишти худро аз Иҷлосияи 16-уми таърхии Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 бо интихоби сарвари ҷавон, вале қавииродаву матини худ-Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷодаи сиёсат гомҳои нахустини хешро мегузошт, оғоз намуда, роҳи бунёдкорӣ ва созандагиро бебозгашт пеш гирифт. Гузашти айём дуруст будани ин интихобро (Бархилофи ақидаҳои гурӯҳои ба ном "Фолбин", ки ҳукуматро на камтар аз ду ҳафта пешгӯӣ мекарданд) собит сох.

     Инак, аз он айёми фалокатбор ва даҳшатнок қариб 30-сол сипарӣ мегардад. Тоҷашни бузурги миллии мо "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" моҳҳои ба шумор мондааст. Имрӯз ба ободию  гул-гулгуншукуфоии  рӯзафзуни кишвар нигариста дилро фараҳу шодӣ фаро мегирад ва беихтиёр гуфтан мехоҳад:

Шукри тоҷик буданам, дар давру даврон мекунам,

Ифтихор бо меҳану аз оли Сомон мекунам.

Шукри истиқлолу истиқлолу истиқлол боз,

Ифтихор аз Пешвои  Тоҷикистон мекунам.

Имрӯз, Тоҷикистони мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ аст. Бо чандин давлатҳои дунё шартномаҳои ҳамкории тарафайн дошта, узви созмон ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад.

 Вале ин ҳамаро мухолифин аз рӯи кинаю ғараз ва ҳасуд нодида мегиранд аз ҳар як имконият ба таври худ истифода мебаранд. Бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ сели буҳтону тӯҳмат ба сари давлату ҳукумати ҷумҳурӣ мерезанд

Неши ақраб на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин.

Худро ба ном "Ҳомии миллат", "Ғамхори миллат" ба қалам дода мардумро ба гумроҳӣ бурда, авзои ҷомеаро аз нав муташаниҷ сохтанӣ мешаванд. Махсусан ҷавонони моро зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ мебояд.

Захме, ки ин ноҷавонмардон (ТТЭ Ҳизби Наҳзати Ислом) бар синаи миллат заданд, то ҳанӯз шифо наёфтааст. Сабақи талхе, ки мардум аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бардоштааст, ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад гашт.

Ҳар як ҷавони тоҷикро ба ин иғво ва дасисаҳои ин аҳриманниҳодҳо мебояд гуфтан:

Ҳама лофи Ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳарду.

Дар фарҷом ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ба қадри замонаи тинҷу орам бояд расид. Ҳар як ниҳоли шинонидаи мо, ҳар як пул ва роҳи ободкардаи мо хиштест баҳри ободии Ватан саҳмест дар сарҷамъӣ ва иттиҳоди миллат ва муштест ба даҳони бадхоҳонӣ мииллат.

Ҳар як фарди соҳибақл аз ҳарвақта дида дар атрофи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири обод ва пешрафти ҷомеа бояд муттаҳид шаванд.

Мусо Ҷаъфар-мушовири шуъбаи маорифи ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай