Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Масъалаҳо ҳали худро ёфтанд.

 

      Маҷлиси назоратии назди Раиси ноҳия доир гардид ва дар он як қатор масъалаҳои мубрами рўз мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд. Сараввал Раиси ноҳия муҳтарам  Бозоралй  Одиназода аз ҳолати  иҷрои нақшаи   ҷамъоварии  маблағҳои андоз барои моҳи май аз масъулини ин кор  пурсон гардид, ва баҳри  зудтар иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии андоз дастуру супоришҳо доданд. Дар мавриди назорати  рафти  коркарди байни  қаторҳои пахта чобуқ  култиватсия, ғизодиҳӣ, ягонакунӣ, коркарди  химиявй  раиси ноҳия аз шахсони масъули соҳа пурсиши ҷиддӣ ба амал овард. Ҳамчунин, доири дигар масъалаҳои рўзнома- аз ҷумлаи  пешниҳоди  маълумот оид ба навъҳои  ғалладонаи  киштшуда омода намудани комбайнҳо ва мошинҳои  ғалладарав, пешниҳоди маълумот дар бораи омодагии онҳо, андешидани чораҳо ҷиҳати  буридану бартарафкунии  дарахтони дар шафати заминҳои  кишт шинондашуда , ба роҳ мондани  дарави  алафҳои табий ва захиракуни хўроки дурушти  чорво , муайян намудани фаъолияти ассотсиятсияҳои чарогоҳ истифодабарандагон дар бораи пешниҳоди маълумот ба шуъбаи омор Раиси  ноҳия муҳтарам Бозоралй  Одиназода аз мутассадиёни соҳа  пурсиш ба амал овард ва ҷиҳати иҷроиши  корҳо маслиҳату тавсияҳои муфид доданд. Доири рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагй ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия,  пешниҳоди маълумоти  ҳамарўза оид ба иҷрои корҳо ва   ҷамъбасти  корҳо ҳар ҳафта рўзи  ҷумъа раиси ноҳия аз роҳбарони гуруҳои корӣ , раисони ҷамоатҳо пурсон шуд . Доир ба масъалаҳои дигар- пура омода намудани иншоотҳои  ҷашнӣ, ки то охири моҳи май мавриди истифода  қарор дода шаванд, ба роҳ  мондани китобгирии  хонандагон  аз  китобхонаҳо дар давраи таътили тобистона, пешгирии ҳолатҳои намоз хондани  шарвандон  дар  ҷои ҷамъиятӣ, омодагӣ ба тачлили  рўзи байналмилали  ҳифзи кўдакон ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ, пешниҳоди маълумоти омории соҳаи саноат ва кишоварзӣ  барои панҷмоҳаи соли 2021 низ муҳтарам Бозоралй  Одиназода  аз шахсони масъули соҳаҳо  як- як  пурсиш ба амал оварда ,ҷиҳати дар сари вақт иҷро шудани масъалаҳои номбаршуда  дастуру маслиҳатҳои муфид  доданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай