Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАСТИ САХО КУШОДА АСТ.

      Дар ноҳия ба муносибати «Рўзи  байналмилалии  муҳофизати кўдакон» дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ  чорабиниҳои гуногун дар асоси  нақша, хеле шавқовару хотирмон гузашта истодаанд.  Аз рўйи   нақша-чорабинии мураттаб намудаи шуъбаи маорифи ноҳия  дар муассисаҳои таълимӣ  зери шиори « Як ҳафтаи  ҳаёти кўдакон» чорабиниҳои гуногун суръат гирифта, дар ин чорабиниҳо қатори наврасон боз волидони онҳо ширкат меварзанд. Наврасон дар  чорабиниҳо ва озмунҳои гуногун аз қабили  «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир», «Ровии беҳтарин», « Сарояндаи хушовоз», «Ихтироъкори беҳтарин», « Раққоса ва навозандаи беҳтарин», ки ба муносибати  ин рўзи муҳофизати бачаҳо ташкил карда  шуда буд, фаъолона ширкат варзида, маҳорати баланди худро нишон доданд. Ба муносибати  Рўзи бачаҳо бо ташаббус ва  роҳбарии мудири шуъбаи маориф Н.Ғоибзода, сардори  филиали КВД-и  суғурта дар ноҳия И.Кенҷаев, раиси иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маориф А.Ҳисайнов ба хонандагони маъюби мактабҳои ноҳия кўмакпўлӣ  расонда шуд.

      -Бояд ҳеҷ кас аз  назари  одамон, махсусан  роҳбарони мутасаддӣ берун намонад. Хосса он наврасоне, ки қисмат ба онҳо андаке ноҳақӣ кардаасту   маъюби модарзод ба дунёи омадаанд. Хуб мефаҳмем, ки онҳо ба маъюбии худ нигоҳ накарда, ба мактаб меоянд ва бо ғайрати   худу кўмаки ҳамсабақҳояшон бо умеди фардо дониш аз худ мекунанду малака сайқал медиҳанд. Мо аз ҳисоби иттифоқи касабаи шуъбаи маориф ва филиали КВД-и суғурта дар ноҳия  ба чунин маъюбони модарзод дар арафаи «Рўзи байналмилалии  муҳофизати кўдакон»  кўмакпўли расондем,-гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Н.Ғоибзода.

       Дасти ёрӣ дароз кардан ба он ашхосе, ки  қисмат  онҳоро чунин ба дунё овардааст, агар аз як тараф хурсанд кардани онҳо бошад, аз тарафи дигар онҳо ҳис мекунанд, ки ба чунин имкониятҳои нопурра  онҳо барои Ватанашон, миллаташон одамони даркорианд. Онҳо дар радифи  дигар бачаҳо қарор доранд ва ҳурмату эҳтиромашон назди ҷамъият дуболо. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки ба бачаҳою одамони калонсоли маъюбу қобилияти корӣ надошта, ҳамвора диққат диҳем. Дасти мададу хайру сахо сўйяшон дароз намоем. Кўшиш кунем, онҳо худро яккаву танҳо ҳис накунанд. Онҳо низ соҳибмулки ин кишвари озоду соҳибистиқлол ҳастанд. Ва ин таъкидҳои Сарвари муаззами миллат  дар ноҳия ҳамеша ба амал бароварда мешавад. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  сари ҳар чанд вақт ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат, шахсони маюб дасти хайру сахо дароз намуда, ба онҳо кўмак мерасонад.                                                                                                       

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай