Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРИҲО СУДБАХШ БУДАНД

        Тибқи  нақша гурўҳи кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Хатлон  дар арафаи ҷашнгирии 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли меҳнаткашони ноҳия вохўриҳо гузарониданд.  Дар вохўриҳо  Ш.Худойдодова-номзади илм, мушовири ректори Донишгоҳи  давлатии   Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ,  Ҷ.Рустамшоҳ- номзади илм, дотсент, сармуҳаррири  рўзномаи « Анвори дониш»-и  Донишгоҳи давлатии  Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ, А.Муродӣ-Шоири халқии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳозирин оиди мавзўъҳои  тарбияи  ҷавонону наврасон дар рўҳияи худшиносиву ватандўстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки  бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили  сазовори ҷашни бузурги миллӣ –- 30- –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.

       -Дар ин сафар мо бори дигар эҳсос намудем, ки мардуми  меҳнатқарину пурғайрат ва фарҳангпарвари ин ноҳияи  сарсабзу зебо ба анъанаҳои беҳтарини гузаштагонамон арҷ гузошта, барои дар рўҳияи баланди ватандўстӣ содиқ ба анъанаҳои  неки гузаштагони соҳибшуҳрат тарбия намудани насли наврас корҳои зиёди шоёни диққатро ба анҷом расондаанд. Ман, ки дар ин ноҳия давраи наврасиамро сипарӣ намуда будам, боз омадаму дидам, ки ин ноҳияи  амсоли шерозаи пургуле дар ҳошияи домони Ватан боз ҳам шукуфонтару пуртароваттар шудааст. Истиқлолият ба ин  ноҳияи навбунёд баракату муваффақият ато намуд. Дар давоми 30-сол ноҳия ботамом тараққӣ карда, ба як ноҳияи сарсабз, зебо, соҳиби гулгашту хиёбонҳои намунавӣ  мубаддал гашт. Кўчаҳои васеъ, гулгашту хиёбонҳои сарсабз, дарахтони сояафкану ороишӣ, бо санъати зебои ҳозиразамон бунёд кардани иншоотҳои хизматрасон ва биноҳои истиқоматӣ  ба ҳусни ноҳия ҳусни тароватангез  зам намудаанд. Мо дар ин ноҳия барҳақ меваҳои даврони Истиқлолро  дидем,-гуфт дар суҳбат Шарофат Худойдодова.

        Вохўриҳо бо меҳнаткашони  Ҷамоатҳои шаҳраки Москва, Қаҳрамон,  Пнҷоб, Панҷрўд,  ба номи Турдиеву Даштигуло  ва ташкилоту муассисаҳо дар рўҳияи баланди якдигарфаҳмӣ маро гирифта, басе судбахш гузаштанд. 

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия                                                       

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай