Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КОНФЕРЕНСИЯИ СОБИҚАДОРОН

      Конференсияи  8-уми ҳисоботӣ-интихоботии Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баргузор гардид. Дар конференсия раиси Шўрои собиқадорони ҷангу мењнати ноҳия Шариф Раҳимов оиди корҳои иҷрокардаи Шўро дар давоми 5-соли рафта ҳисобот дод.

      - Дар ин муддат мо ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, даҳҳо нафар собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва серфарзанд ёрии моддӣ расондем. Масалан, дар арафаи  76-солагии Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  бо дасгирӣ ва мадади Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду нафар иштириокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Қаюмшо Ҳалимов-  ба аз ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва Давлатшо Тўронов- аз ҷамоати деҳоти  Қаҳрамон   даҳ ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби раиси вилоят дувуним ҳазорӣ ва аз ҳисоби раиси ноҳия бошад ҳазор сомонӣгӣ мукофотпулӣ барои ҷасорату мардонагиашон дар давраи  ҷанг дода шуд,- гуфт дар баромадаш  Ш.Раҳимов.

      Сипас, ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия  Сўҳроб Маҳмадов шунида шуд.

    Аз рўйи маърўзаи ҳисоботӣ-интихоботӣ  А.Ҳалимов- муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон,  А.Салимзода- и.в сармуҳаррири  рўзномаи «Зафар», Н.Назаров-раиси маъюбони ҷанги Афғонистон, Г. Сайдалиев- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, кори Шўрои  собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро  дар давраи ҳисоботқаноатбахш ҳисоб  карданд.

       Дар охир   узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон А.Салимзода барои  навиштани очерку гузоришҳо  дар бораи  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корнамоии онҳо  ва қаҳрамони меҳнат  бо «Сипоснома»-и  Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия  қадрдонӣ шуд.   

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай