Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - « САРҲАДЧӢ» ҒАЛАБА КАРД.

     Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи дуюм -дар минтақаҳои Хатлон оғоз ёфт. Дар ин мусобиқот дастаи « Сарҳадчӣ»-и нохияамон ҳам ширкат меварзад. Дар вохўрии нахустини мусобиқоти  имсола дар варзишгоҳи  марказии ноҳия  соҳибони майдон дастаи футболи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминободро қабул карданд. Бозӣ аз аввал то анҷом хеле шавқовар ва тезутунд гузашт.  Дар ин бозӣ соҳибони майдон ба ҳисоби 2:1 ғалаба ба даст оварданд. Ҳарду тўбро ба дарвозаи дастаи футболи муъминободиҳо ҳуҷумкунандаи ҷавону умедбахши дастаи «Сарҳадчӣ» Шоҳзамон Ҳоҷиев равона намуда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.