Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРӢ БО КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

         Вохўрӣ бо намояндагони гурўҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори мактаби миёнаи рақами 12 бо иштироки намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони муассисаҳои таълимӣ,ҷавонон, занон, мақомоти қудратӣ  ва масъулини бахши  дини мақомоти маҳаллии  ноҳия баргузор гардид.  Ба гурўҳи корӣ Ф.Олимов-муовини  раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Наботов- мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ, намояндагони ҲХДТ ва намояндагони  МИҲД дар вилояти Хатлон шомил буданд. Баромадкунандагон оиди масъалаҳои марбут ба дини мубини ислом, ислом ва тозагии афкор, шомилшавии ҷавонон ба ҷараёнҳои тундрав, ислом ва ҳуқуқи занон дар ҷомеаъ суҳбат карданд.

         Дар анҷоми ҷамъомад иштирокчиён ба  меҳмонон саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Вохўрӣ дар рўҳияи якдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай