Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ

       Филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи семинари омўзиширо барои  аъзоёни гурўҳҳои  кории байниидоравӣ  оид ба пешгирии  зўроварӣ дар оила  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти унвони  «Семинари омўзишии  гурўҳҳои кории Шўрои ҳамоҳангсозии  байниидоравӣ»-ро  баргузор карда истодааст. Чунин як вохўрии судманд дар ноҳияи мо низ баргузор гардид. Дар  семинари омўзишӣ    намояндагони шўъбаҳои дахлдор, шахсони ба ин масъалаи мубрами рўз мутасаддӣ ва занони фаъол ширкат варзиданд. Дар  чорабинӣ намояндаи ташкилоти ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Ҷобирова баромад намуда, ба ҳозирбудагон оиди  проблема, монеаҳои рўзгор, муносибати тарафайн дар оила ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзўъ  суханронамуд..

        Дар семинари омўзишӣ  ҷонишини раиси ноҳия С.Тағаймуродзода ширкат ва баромад намуд.Чорабинӣ  дар сатҳи баланд маҷро гирифта, иштирокчиён ба бисёр саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай