Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ОМИЛИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИ АСТ!

        Дар замони муосири ҷаҳони имрӯза , ки хатарҳои гунонун ва паёмадҳои марговар бо наслҳои одами рӯ ба рӯ мегардад, такомул ва ташаккули сохторҳои давлатдории ҳар як кишвар аз сарҷамъи ва иттиҳоди сокинонаш вобастагии калон дорад. Ғояи ба ваҳдатгаройи кашидани халкҳо ва тахти он гаравидани хурду бузурги шаҳрвандон сиёсати дуруст ва бардавоми ин ё он давлатро инъикос менамояд. Бо роҳи ваҳдати миллӣ гом ниҳодану зиндагии орому осуда барои сокинони кишвари мо низ ҳануз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият роҳи муҳим ва асоси дониста мешуд. Аммо қувваҳои бадхоҳи давлати Тоҷикистон ба Истиқлолияти нави тоҷикон хиёнат карда, халкҳои орому осудаи онро ба барномаи бозсозии хеш кашиданд ва чароғи равшани роҳи миллатро хомуш ва ба суйи торикиҳо раҳнамун сохтанд. Барқарор кардани ҳаёти осоишта кори саҳлу осон набуд. Тамоми рукнҳои давлатдори кори бонизоми худро аз даст дода, пояҳои Истиқлолият сусту заиф гардида, хатари аз байн рафтани давлати Тоҷикистон ба миён омад. Бо амри тақдир, кори муҳими давлатсози ва эҳёи давлати навини тоҷикон ба дасти фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон супорида шуд. Нақши сарвари маҳбубамон дар сохтмони давлати навини тоҷикон, эҳёи фарҳанг ва арзишҳои милливу суннати бузург ва калиди дониста шуда , аз ҷониби мардуми кишвар меъмори Ваҳдати миллӣ ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ эътироф гардиданд! Нияти неки МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ дар сартосари Тоҷикистон амали ва рӯзгори осоиштаи мардумони кишвар таъмин гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай