Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВАҲДАТ НАҶОТИ МЕҲАН АСТ

 

АНДЕША. Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонидем.

Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳмияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳиёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиноси ва андешаи миллӣ мебошад.

Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардид.

Дар баробари ин метавон гуфт, ки аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ба вуҷуд овардани рӯҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Мо зери ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсон-озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омаро дар назар дорем. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайри имкон аст.

Дар даврони Истиқлолият узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатӣ бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон далели эътироф гардидани кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Мо имрӯз хурду бузург вожаи ваҳдатро дар гуфтори ҳамарӯзаамон бисёр истифода мебарем. Ин ватан барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирӯзӣ, сериву пурии халқи мо марбут ба он аст.

Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостони Хӯҷанд ҳангоми суханронӣ баъди интихоб шуданаш ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ дар бораи қатъи ҷанг, ҷонибдори таъсиси давлати демократию ҳуқуқбунёд ва амсоли ин ҳарф зада, муросову мадоро-оштии миллиро ҳадафҳои усулию меҳвари сиёсати хеш дар маснади Сарвари давлат қарор дода буд.

Дар радифи Ваҳдати миллӣ, ин дастоварди беназири халқи тоҷик, наметавон дар хусуси дастоварди дигари наҷиби таърихии мо созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ёдовар нашуд. Миллати куҳанбунёди мо ба ҷаҳониён собит сохт, ки дар лаҳзаҳои душвортарину сахттарин ҳам маниши неку хайрхоҳонаи ӯ бунёдаш рӯ мезанаду ӯро раҳнамоӣ мекунад. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон сабақест, ки ҷаҳониён онро меомӯзанду аз он баҳра мебардоранд. Мо хуб медонем, чӣ талошҳову ҷоннисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллати мо, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал бароварда шуданд, то мо ба ин дастоварди беназири таърихӣ ноил гардем.

Халқи хирадпешаи тоҷик таҳти сарварии фарзанди сарсупурда ва ҷоннисору халқпарвари мардуми тоҷик, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо тамоми муҳаббату садоқат ба хоки муқаддаси худ, ин дастоварди беназири худ – Истиқлолияти давлатиро на танҳо пуштибонӣ мекунанд, балки ҷоннисорона онро таҳким мебахшанд ва дар ин ҷода нерӯ, роҳнамо ва кафили онҳо Ваҳдати миллии халқамон хоҳад буд.

Файзизода Каримҷон

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай