Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАД.

        Бо ташаббус ва дастгирии ҷавонмардони эҳсонкору дасткушод ва ҳимматбаланд, Боғи марказии фарҳангӣ-истироҳатии ноҳия руз то рўз  ободу зебо гардида, ба қабули истироҳаткунандагон омода мешавад. То имрўз зиёда аз  ҳаштод фоизи корҳои ободгардонию зебогардонӣ  ба итмом расонда шудааст. Баъди чанде ин макони маърифат ва истироҳат нахустин тамошобинон, истироҳаткунандагон ва меҳмонони ноҳияро қабул мекунад. Чӣ тавре, ки муҳандисони лоиҳаи ободгардонии Боғи  фарҳангӣ-истироҳатии иброз медоранд, боғи мазкур ботамом аз рўйи лоиҳаи нав навсозӣ шуда, барои истироҳати бофароғати одамон ҳамтарафа омода карда мешавад.

        -Мо ҳангоми ободгардонӣ кўшиш намуда истодаем, ки ин Боғ бо маънии ҳақиқиаш макони истироҳатии меҳнаткашони ноҳия ва меҳмонони он гардад. Босифату дар асоси талаботҳои ҳозира  таҷҳизонидани ин макони истироҳатии одамон  дар маркази диққати мо мебошад. Аз ин рў, кўшиш мекунем, ки одамони ба ин ҷо меомадагӣ аз корамон розӣ бошанд,- гуфтанд мутахассисони  ба ободкорӣ ин ҷо мутасадӣ.

        Нияти сохтмончиён дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба тариқи тантанавор ба истифода додани ин макони маданӣ-маърифатӣ мебошад. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай