Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАШВАРАТ ДАР РЎҲИЯИ БАЛАНД ГУЗАШТ

                                

       Дар машварати августии муаллимони ноҳия, ки дар толори мактаби миёнаи рақами 14 баргузор гардид, аз тамоми мактабҳои ноҳия омўзгорон иштирок доштанд. Дар машварат мудири шуъбаи  маорифи ноҳия Насимҷон Ғоибзода  оиди корҳои дар самти таълиму тарбия ба сомон расондаиашон дар давоми соли хониши рафта ба омадагон ҳисобот дод. Кайд карда шуд, ки  омўзгорони ноҳия дар давоми соли хониши рафта, кори худро дар асоси дастурамал ва талаботҳои рўз ба роҳ монда, ба муваффақиятҳои дидарас ноил гардиданд. Дар ин давра  сифати таълиму тарбия баланд гардида, хонандагон дар озмуну чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурии фаъолона ширкат варзида, бо донишу малакаи мукаммалашон сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд. Хонандагони мактабҳои ноҳия дар озмунҳои «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигар озмуну чорабиниҳои соҳавӣ фаъолияти баланд нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён ва мукофотҳои пуливу ҳавасмандкунӣ гардиданд. Дар ин муваффақиятҳо саҳми омўзгорони  пешқадаму соҳибтаҷрибаи мактабҳо басо бузург аст. Маҳз хизмати содиқонаи онҳо дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас буд, ки хонандагон ба чунин муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.         

     Аз рўйи маърўзаи ҳисоботии мудири шуъбаи маориф  С.Наимов- директори Маркази дарёфти  рушди истеъдодҳо, М.Саймуддинов- директори мактаби миёнаи рақами 52, А.Рањимов- директори литсейи давлатии ноҳия ба музокира баромада, оиди беҳтар шудани  раванди таълиму тарбия, бо кадомин роҳҳо ба чунин муваффақият ноил гардидани коллективҳои омўзгорони мактабҳо фикру ақидаҳои судбахш иброз намуданд.

      Баъдан раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода суханронӣ намуда, бо далелҳои мушаххас камбудиву норасогиҳое, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас  ҳоло ҳам ҳастанд ошкоро баён намуда, барои рафъи онҳо ба мутасаддиёни соҳа  маслиҳатҳои судбахш дод.

          Иштирокчиёни машварат ҳисоботи мудири маорифро дар самти беҳтар намудани таълиму тарбия қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

      Дар охир ба як гурўҳ  пешқадамони соҳаи маориф, ғолибони озмуну конкурсҳои соҳавӣ «Ифтихорнома» ва мукофотҳо супорида шуд.

      Намояндаи  Раёсати маорифи вилояти Хатлон  Д.Маҳмадов дар машварати  омузгорон иштирок дошт ва баромад намуд.

        Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай