Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Голборони “Сарҳадчӣ” ба дарвозаи “Кўлоб”

          Дар доираи  бозиҳо  барои  дарёфти  Ҷоми раиси   вилояти хатлон  оид ба футбол  дастаи  “Сарҳадчи”  дар варзишгоҳи  марказии  ноҳия дастаи  навътасиси “Кўлоб”- ро аз шаҳри  Кўлоб  ба меҳмонӣ  пазируфтанд.

   Қисми аввали  бозӣ  бо бартарии   соҳибони  майдон  сипарӣ  гардид.Ҳисоби  бозиро аввал  меҳмонон  боз  карданд.

  Баъдан, баъди  ҳамалаҳои  паёпай  ба мизбонон  муясар  гардид,  ки ба дарвозаи “Кўлоб” гол зада, ҳисобро  баробар намоянд.

  Футболбозони  дастаи “Сарҳадчӣ” дар оғози  қисми дуюм  ба ҳуҷум  гузашта,  тўби  дуюмро  вориди  дарвозаи   меҳмонон  намуданд.

Ташаббус  пурра дар ихтиёри  футболбозони  “Сарҳадчи” буд.

   Онҳо  аз ҳар  гўишаи майдон зуд-зуд ба ҳуҷум  гузашта, дарвозаи  меҳмононро  ба  нишон мегирифтан.

   Дар қисми дуюми вохўрӣ   соҳибони  майдон ба дарвозаи  кўлобиҳо панҷ  гол заданд ва ҳисоби бозиро  ба 6-1 расониданд.Онҳо   пурра  имкон доштанд, ки  боз камаш чор- панҷ  тўби  дигар  зананд,  вале аз лаҳзаҳои  муносиб истифода карда натавонистанд. Дар   дақиқаҳои  охири  бозӣ  кулобиҳо ба дарвозаи “Сарҳадчӣ” як туб  зада, ҳисобро  тағир доданд .

  Тубҳоро ба дарвозаи  дастаи “Кўлоб”  Шерзоди  Муҳамадҷон, Фаррух Сафолов (2-то) ва   Шоҳзамон Ҳоҷиев (3-то) заданд. Дар рақобати оянда  дастаи “Сарҳадчӣ” бо ғолиби ҷуфти дастаҳои”Шоҳин” (Муъминобод) ва “Дўстӣ”  (ноҳияи Дўстӣ)  вомехўрад.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай