Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - «НОН ШУДАМ, ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ»

                        

   Таҳти чунин гуфтаҳои зебою дилкаш  дар шаҳри Бохтар ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали  озмуни вилоятӣ таҳти шиори «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» намоиши нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор гардид. Дар озмун кайбонуҳои чирадаст, нонпазҳои касбӣ, соҳибхоназанҳои бо санъати баланди  нонпазии худ  ном бароварда аз тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон  ширкат варзиданд. Дар чорабини басе муфиду зебо ва дилнишин кадбонуҳои  нонпаз ва омодакунандаи навҳои гуногуни хўрока аз ноҳияи мо низ иштирок карданд. Кадбонуҳои чирадасти ноҳия  Мусофирова  Муродбегим ва Найсонаи Раҳмоналӣ сокинони Ҷамоати шаҳрак  дар озмун маҳорати баланди пухту паз ва омода намудани  нонову кулчаҳои гуногунро нишон дода, соҳиби ҷойи намоён гардиданд.

     -Аъзоёни ҳакамон ба маҳсулотҳои  нону кулчаҳо ва дигар намудҳои аз орд омоданамудаи кадбонуҳои мо баҳои баланд дода, ҷойи сеюм ва дипломи озмунро  лоиқи мо дидаанд,-гуфт  мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи  назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фотима Маҷидзода.

       Дар байни даҳҳо иштирокчиёни озмун, ки аз дигар ноҳия ва шаҳрҳои вилоят ширкат варзида буданд, соҳиби чунин ҷойи баланд гардидан шарафи бузург аст. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай