Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маҷлиси назди раис

Дар маҷлиси доиргардидаи назди раис, ки рўзи душанбе баргузор гардид, раиси ноҳия аввало ба  масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз диққати ҳамагонро ҷалб сохта, сахтта, таъкид намуданд, ки ин масъала  дар рўзҳои наздиктарин  ба сомон расонда шавад.

Дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта  оғоз ёфт ва роҳбари ноҳия ҷиҳати таҳти назорати ҷидди қарор додани рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва пешниҳоди маълумоти ҳамарўза оиди ҷамъоварии ҳосил; пешниҳоди маълумоти аниқ доири рафти супоридани ҳосили пахта ба корхонаҳо, ба хусус  ба Ҷунтаи Данғара,  ба роҳ мондани нигоҳубини пахтазор баъди чиниши аввал  ба шахсони мутасаддӣ, раисони ҷамоатҳо ҷиҳати амалишавии масъалаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ҷиҳати вусъат додани кишти пиёзи барвақтӣ  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ  ба раисони ҷамоатҳо супориш доданд, ки ин масъала ҳарчи зудтар ҳалли худро ёбад . Дар масъалаи  ба итмом расидани кишти такрории картошка  дар заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои аҳолӣ раиси ноҳия  ба раисони ҷамоатҳо супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар масъалаи муҳими ҷамъомад ин рафти иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба  омодагии сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ноҳия ва пешниҳоди маълумоти ҳамарўза доири иҷроиши корҳо, ҷамъбасти корҳо буд, ки оиди он  раиси ноҳия аз масъулин талаб кард, ки корҳо дар ин самт  дар сатҳи даркорӣ ба роҳ монанд.

Доири масъалаҳои дигар – рафти корҳои ободонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳо  ба истиқболи Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди барномаи театрикунонидашудаи роҳпаймоӣ бахшида  ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби хатмкунандаҳои синфи 9- ва 11-и  МТМУ  барои пуррагардонии курсҳои омўзишии литсейи касбии техникии ноҳия, иҷрои нақшаи обуна ба рўзномаи ноҳиявии «Зафар» ва «Минбари халқ»  раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати иҷроиши масъалаҳои мазкур дастуру супоришҳои муфид доданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.