Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ғалабаи душвори «Сарҳадчӣ»

       Дар  рақобатҳои чорякниҳоии Ҷоми Раиси вилояти Хатлон оид ба футбол дастаи «Сарҳадчӣ»   дар майдони худ дастаи  «Ҷилликул»-и ноҳияи Дўстиро   ба  меҳмонӣ пазируфт . Баъди  он ки сарҳадчиён дар бозии гузашта дастаи «Кўлоб»-ро бо ҳисоби бузурги 6-2  тору мор намуданд, кулли мухлисон бовардоштанд, ки дар бозӣ бо «Ҷиликул» низ  сарҳадчиён голи бисёр мезананд, вале  ин тавр  нашуд. Бозӣ  аз аввал  то  охир бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашт.Ба соҳибони майдон танҳо дар дақиқаи  44-ум муяссар гашт, ки аз  ҷаримаи  11- метра  ҳисобро боз намоянд. Тўби ҷаримавиро Фирўз Боронов  ба  нишон расонд.

       Дар  дақиқаи  57-ум  баъди  як  ҳуҷум аз масофаи 22  метр   бозингари рақами 8 Хушдил Каримов туби дуюмро вориди дарвозаи меҳмонон намуд.  Довари бозӣ Фурқат Мирҳай даровдар  дақиқаи 73- юм ба сўидарвозаи «Сарҳадчӣ»   ҷаримаи 11- метра  таъиннамуд,  вале  ба бахти мухлисони дастаи соҳибони майдон Шоҳрух Сафолов  (дарвозабони «Сарҳадчӣ») зарбаи сахти бозингарин.Дўстиро доша гирифт. Дар  дақиқаи   88-ум  бози  як  ҳуҷуми «Ҷиликул» бо гол анҷом ёфт. Ҳамин  тавр ,  дастаи  «Сарҳадчӣ» боҳисоби 2-1 дастболо гардида, ба даври ним ниҳоии Ҷоми Раиси вилояти Хатлон баромад.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай