Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

         Дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комили Мирзоалӣ, намояндаи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Ҷ. Сайдализода, Қисми ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, мақомотҳои хифзи ҳуқуқ, захираҳои эҳтиётӣ, ҷанговарони башардӯст ва хонандагони дабистонҳо гузашти низомӣ доир гардид. Раиси ноҳия баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар мӯборакбод гуфт.

       Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ва намояндагони дар боло зикргардида, фаъолони ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он раиси ноҳия ва намояндагони сохторҳои болоӣ баромад намуданд.

      Раиси ноҳия ба пешқадамони соҳа, собиқадорон ва аҳли заҳмат туҳфа, ифтихорномаву сипоснома тақдим намуданд.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

   

 

 

 

 

 

  

 

   

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай