Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ПАХТАЧИНӢ АВҶИ ТОЗА МЕГИРАД.

        Пахтакорони соҳибтаҷрибаи ноҳия имсол дар майдони 5950 гектар кишти пунбадона гузарониданд. Дар асоси  истифодаи босамари омилҳои агротехникӣ, захираҳои дохилӣ ва маслиҳати мутахассисон нашъунамои ниҳолҳои пахта дар тамоми заминҳои кишт кардашуда, мувофиқи талабот мебошанд. Хамин аст, ки имрўзҳо заркорони ноҳия ба ҷамъоварии дастранҷи худ дастҷамъона сар карданд. То имрўз ба заводи пахтақабулкунии ноҳия зиёда аз 300 тонна ҳосили аълосифат ворид гардид. Кори ҷамъоварии пахта дар ҷамоатҳои Меҳнатобод, Панҷрўд ва Даштигуло мувофиқ ба талаботи рўз мебошад.

    -Мақсади деҳқонони ғайратманди ҷамоати мо он аст, ки ҳосили дар саҳро шукуфтаро дар ҳамин рўзҳои гарму мусоид беталаф ҷамъоварӣ намуда,  ҳосилнокии заминҳоро нисбати солҳои гузашта баланд бардоранд. Барои амалӣ гаштани ин нияти некашон дар саҳро ҳосил фаровон аст,-гуфт раиси ҷамоати Панҷрўд Файзимад Раҷабов.

      Ҷамъоварии ҳосили пахта дар дигар ҷамоатҳо низ мувофиқ ба талабори рўз аст. Агар кор бо чунин суръати баланд идома ёбад, нақшаи дурнамо пеш аз мўҳлат ба иҷро мерасад. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.