Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҚАДАМАШ НЕК АСТ.

Мардуми ноҳия бо дастовардҳои дидарас ва меҳру муҳаббати бепоён интизори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон мебошанд.

          Меҳнаткашони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муносибати ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани ў  ҳаматарафа омодаанд. Мусаллам аст, ки  сафари Пешвои муаззами  миллат  ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар баробари обод гардидану бунёдкориву созандагӣ боз барои мардум боиси сарфарозист. Пойю қадами неки ин сарвари муаззами миллат ба куҷое, ки расад, он  ҷо ободу сарсабз ва аз пешина дида зебою мунаққаш мегардад. Ҳамин аст, ки мардуми ноҳияи   Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ташрифи Сарвари муаззами миллат рўҳу ғайрати тоза гирифта, баҳри амалӣ гаштани мақсадҳои дар пеш гузоштаашон бо дили гарму ғайрати дучанд меҳнат мекунанд. Махсусан, солҳои охир ноҳия ба таври қиёснашаванда тараққӣ карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии  халқ рў ба пешравию  инкишоф   оварданд. Ноҳия дар тамоми самтҳои  хоҷагии халқ  ба пешравӣ ноил гардид. Ин боис гардид, ки зиндагии мардум нисбати солҳои пешин дучанд боло равад. Дар ноҳия қатори тараққӣ додани соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқ боз ба ободгардонию созандагӣ ва бунёди иншоотҳои хизматрасонӣ эътибори алоҳида медиҳанд. Танҳо дар давоми ду-се соли охир дар ноҳия дар маҷмўъ зиёда аз 310 иншоотҳои ба беҳшавии рўзгори мардум мусоидаткунанда бунёд шуданд. Ба муносибати ташрифи Сарвари муаззами миллат Ҷаноби Олӣ мухтарм Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои ободкорӣ боз ҳам вусъати тоза гирифтаанд. Мардум ба ҳашар баромада ҳама ҷоро тозаю озода намуда, кўчаву роҳравҳоро ба тартиб медароранд. Ҳамаи ардуми шарафманди ноҳия интизори қадами мубораки  Сарвари муаззами миллат мебошанд. Ва онҳо хуб медонанд, ки қадами ин марди  худодод нек аст, бо худ оромию саодатмандӣ ва ободиву бунёдкорӣ меорад. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай