Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КОНФЕРЕНСИЯИ АДАБӢ

                                                                              

           Дар китобхонаи марказии ноҳия  мунтазам чорабиниҳои фарҳангдоир гардида, дар он  толибилмони мактабҳои ноҳия ва дар қатори онҳо падару модаронашон низ ширкат меварзанд. Ба қариб дар  мавзўи «Панду ахлоқ дар ашъори шоирони класикқ ва муосир» конференсияи адабӣ баргузор гардид. Конференсияро муовини директори китобхона Абдулмаҷид Абдулхайров кушода,  дар бораи муҳтавои чорабинии имрўза ва аҳамияти он дар  ташаккули маънавии хонандагон мухтасар маълумот дод. 

      Сипас хонандагони мактабҳои миёнаи рақамҳои 1,2,54,17  баромад намуда, ба омадагон  аз ашъори шоирони гузашта ва ҳозира, ки дар мавзўи ахлоқ, ҳурмати падару модар ва ватандўстӣ навишта шудаанд, қироат карданд.

       -Чорабинӣ дар сатҳи баланд маҷро гирифт. Ҳис карда мешуд, ки ҳам хонандагон ва ҳам волидони онҳо аз  чорабинии мазкур қаноатманд гардиданд. Гузаронидани чунин конференсияву чорабиниҳои фарҳангӣ дар ниҳоди наврасон омилҳои худшиносӣ, ватандўстӣ ва ҳурмату эҳтироми волидонро бедор мекунад. Онҳоро дар рўҳияи хизмат ба Ватан-Модарро омода месозад,-гуфт  баъди ба итмом расидани конференсия мудири китобхонаи ҷамъиятии «Махзани дониш»-и ноҳия, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурӣ  Илёсиддин Набиев.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай