Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз бозӣ ҳама розӣ

      Дастаи «Сарҳадчӣ»  дар  доираи   бозиҳои   мусобиқоти   мамлакат   оид  ба  футбол   дар  лигаи   дуюм  ( минтақаи  Кўлоб )  дар  Варзишгоҳи   марказии   ноҳия  дастаи   навтаъсиси  « Андароб» -и шаҳри   Кўлобро ба меҳмонӣ  пазируфтанд.

   Бозӣ  бо  ҳуҷумҳои   паёпайи  соҳибони   майдон  оғоз  гардид ва  дар дақиқаҳои  нахустин  сарҳадчиён   ҳисоби  бозиро   кушоданд. Дар  ин  бозӣ   футболбозони  « Сарҳадчӣ»  маҳорати  баланд нишон  дода,  зуд – зуд  дарвозаи   меҳмононро   ба  нишон   мегирифтанд.  Соҳибони  майдон  ба  дарвозаи  меҳмонон  ҳашт  гол  зада,   бо ҳисоби  калони  8- 1  дастболо  гардиданд.

    Дар  пирўзии   даста  ҳамаи    футболбозон саҳми   арзанда  гузоштанд. Тўбҳоро   ба  дарвозаи   «Андароб» -и  Кўлоб    Фаррух   Сафолов (3- то),  Эраҷи  Эркин (3- то),   Давлатбек  Латифов  ва    Фирўз  Боронов  заданд.

Пас  аз ин пирўзӣ     футболбозони  « Сарҳадчӣ»  мавқеи  худро   дар  ҷадвали   мусобиқот   дар  зинаи   якум   мустаҳкам  намуданд. Мухлисон  аз  ин бозӣ   ҳама  розӣ   буданд  ва дастаи   дўстдоштаи   худро   бо  кафкўбиҳо    аз  майдон   гусел  намуданд. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай