Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Пахтачинӣ суръат мегирад

    Рафти  чиниши  пахта    дар  хоҷагиҳои   деҳқонии    деҳоти  ноҳия   рўз  ба  рўз  суръати    тоза    мегирад. Дина  кишоварзони  ноҳия    садоқатмандона    меҳнат  карда,   дар  як  рўз  287,4 тонна   дурригаронбаҳо    ҷамъ  оварданд, ки  баробари  2,1  дарсади   дурнамо  мебошад.  Ҷамъи  пахтаи  чидаи   кишоварзони   ноҳия  аз  аввали  мавсим  то   имрўз  ба 6626,3  тонна   расид, ки   49,2  фисади   нақшаро  ташкил  менамояд.

   Мисли  пештара  пахтакорони   хоҷагиҳои  деҳқонии   ҷамоатҳои   деҳоти Чубек,   Меҳнатобод, Қаҳрамон  ва Панҷоб   дар  сафи  пеши  мусобиқа  қарор  дошта, иҷрои   нақшаи   дурнаморо мутаносибан  49,7 -55  дарсадӣ  таъмин  намуданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай