Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ХИЗМАТИ ВАТАН ШАРАФ АСТ.

 

           Майдони назди комиссариати ҳарбии ноҳия имрўз ба худ намуди идона гирифта буд. Як гурўҳ ҷавонмардони ҷасуру ватандўст бо амри дилу даъвати виҷдон ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мерафтанд. Қатори ҷавонмардони далер боз радифи онҳо падару модарон, рафиқону наздиконашон ба гусели наваскарон омада буданд. Аз шиору навиштаҷотҳои, ки « Хизмат ба Ватан қарзи фарзандиии ҳар як ҷавонмард аст», « Сарҳади Ватан-марзи номўсу нанг», «  Мо идомадиҳандаи корнамоии падарону бобоёни худем», « Ватан-Модар аст» ва дигарҳо  эҳсос карда мешуд, ки имрўз Ватни соҳибистиқлоли мо дар ҳимояи ҷавонмардони ҷасуру сарсупурда аст ва ҳеҷ як нохалафе ё хиёнаткоре сарҳади муқаддаси онро вайрон карда наметавонад. Ин ҷавонмардони ватандўст қодиранд, дар ҳар як лаҳзаи тақдирсоз ба ҳимояи марзу буми  Ватани худ хеста, онро бо нақди ҷон ҳам бошад ҳифз намояд.

          Сараввал наваскаронро раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода табрик намуда, дар хизмати содиқонаашон ба нафъи Ватани аҷдод ба онҳо бурдбориҳо таманно намуд.

        -Дар ҳамаи давру замонҳо Ватан дар ҳимояи фарзандони ҷасуру бебок  ва сарсупурдаи худ қарор дошт. Оромии Ватан, зиндагии осоиштаи мардум, тараққиву пешрафти он ба оромию сулҳу субот вобаста аст. Ана имрўз сипари боэътимоди ҳамон оромию осудагӣ шумоед наваскарони азиз. Чунки имрўз Ватан   химояи оромию осудагиашро, сарҳади муқаддасашро, хоки ризқофарашро  бовар карда, ба шумо вогузор намуда истодааст. Шумо бошед наваскарнои ҷасуру далер бояд ба ин боварӣ хизматро ба ҷо биёред. Ва фаромўш накунед, ки шумо аз авлоди он қаҳрамонҳое ҳастед, ки дар сахттарин рўзҳои тақдирсози Ватану миллат  онро сарбаландона ва ҷасурона ҳифз намудаанд ва ба душмани ғаддор зарбаҳои ҳалокатовар заданд. Ба ҳамаатон фарзандони азизам, сиҳативу саломатӣ ва дар хизмататон ҷасурию далерӣ таманно мекунам,-гуфт  Бозоралӣ Одиназода.

       Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов бошад, дар суханрониаш қайд кард, ки падару бобоёни шумо дар айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки тақдири Ватану миллат ҳал мешуд, ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан мерафтанд. Ва онҳо бо ҷасоратнокиву мардонагии худ сарбаландона ғалаба карда, Ватани худро аз душманон ҳимоя карданд. Ҳар як фард фарзанди айёми худ аст. Айём имрўз ана ҳамон вазифаи муқаддас-ҳимояи Ватанро ба дўши шумо ҷавонмардони ҷасуру бебок гузоштааст ва шумо бошед ин вазифаи олитаринро бояд сарбаландона ба иҷро расонед. Тарзе хизмат намоед, ки Ватан аз шумо розӣ ва қаноатманд бошад,- гуфт Ш.Раҳимов.

     Наваскаронро падару модарон табрик намуда, қайд карданд, ки хизматро бо сари баланд адо намуда, ба сари баланд ба хона баргарданд.

     Дар фарҷоми суханрониҳо ҳунармандони  Филармонияи мардумии ба номи устод одина Ҳошим бо суруду рақсҳои дилнишин хотири омадагонро шод намуданд.  

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай