Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Бозгашти ҶЎРАБЕКОВ аз ДИИШ

         Суҳбатҳои Маҳмаднаим Ҷўрабеков афсонаи даҳшатбореро мемонад… Ў нафарест, ки бо фиреб ба доми неруҷои иртиҷоӣ афтода, дар Шому Ироқ буд, бо Гулмурод Ҳалимов дар Мавсил вохурдаву суҳбат кардааст. Марги ҳамватанонашро дидаву шоҳиди тиккаву пора шудани инсонҳо шудааст. Ниҳоят дуруғи ДИИШ-ро дарк кард ва ба ў муяссар шуд, ки аз он ҷо фирор намуда, ба Ватан баргардад.

   ДОМИ  ШАЙХ   МУСЛИМ

     Маҳмаднаим зодаи ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод буда, оиладор ва соҳиби як писар аст. Ў мисли даҳҳо ҳамватанони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд ва барои дарёфти қути лоямут заҳмат мекашид. Чун муҳлати ҳуҷҷатҳояш ба охир расид, ўро мебоист, ки сарҳади Русияро убур кунад. Бинобар ин, бо тавсияи чанде аз шиносҳояш ба Туркия сафар кард, зеро арзон буду ҳам қулай. Ў дар меҳмонхона ҷой гирифтаву хост, Истанбулро тамошо кунад. Пас аз каме гардиш дар яке аз кўчаҳои Истанбул шоҳиди ба тоҷикӣ ҳарф задани ду ҷавони тоҷик шуд. Аз ин хурсанд шуда, назди онҳо рафт ва салом дод, ҳамсуҳбат шуд. Он ду нафар дар бораи шароити хуби корӣ дар Туркия, маоши 1500 долларӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, хурду хўрок ва ҷойи хоби ройгон ҳарф зада, ўро ба худ моил карданд. Суҳбат ва ваъдаҳои онҳо чунон диққатҷалбкунанда буд, ки Маҳмаднаим бозгаштан ба Русияро аз сараш берун карда, хост дар Туркия кор кунад. Он ҷавонҳо, ки яке Шайх Муслим ном дошт, Маҳмаднаимро ба хонаи худ оварда, ваъдаи пайдо кардани ҷойи корро карданд…

         То омадани онҳо дар хона ду марди дигари исфарагӣ менишастанд. Рўзи дигар Шайх Муслим омад ва хабари пайдо кардани ҷойи корро расонид. Гуфт, ки вазифаи онҳо нигоҳубину обдории майдони кишт хоҳад буд. Аммо маҳали кор аз Истанбул дур ва 8- соата роҳ аст…

         Мошини онҳо ба роҳ баромада, баъди 24 соат дар назди як масҷид истод. Муҳаммаднаим бетоқат буд, ки чаро онҳо аз вақти ваъдагӣ дер мерасанд? Аммо Шайх Муслим ўро ором кардаву ба намозгузорӣ дар масҷид даъват кард…

         - Шумо то он вақт намоз мехондед?

         - На ҳамеша, аммо ба қадри имкон мехондам, зеро корам бисёр буд ва қазо мешуд. Вақте, ба масҷид даромадам, дидам, ки ҳатто тоҷикони ҳамроҳи мо ба дигар тарз намоз мегузоранд. Ҳол он ки онҳо дар хона мисли худамон намоз мегузоштанд. Ин ҳам шубҳаи маро бештар кард. Аз намоз баромадем, ба Шайх гуфтам, ки дар ин ҷо шумо тағйир ёфтед, маро куҷо овардед ва ба куҷо меравем? Боз гуфт, ки хавотир нашавам ва илова кард, ки наход ман тоҷики худамро фиреб диҳам. Роҳро идома дода, баъди тақрибан якуним соат ба назди як мазор расидем, ки дар паҳлуяш майдони калони кишт буд ва каме дуртар хонае воқеъ буд. Шайх гуфт, ки ҷойи кори шумо ҳамин замин хоҳад буд ва хонаеро ҳамчун ҷойи хоб бо ишора нишон дод. Шумо рафта, дар хона истироҳат кунед, хозир Патрон (яке аз ҳамроҳонашро чунин ном мегирифт) ба шумо хўрок медиҳад ва корро сар мекунед. Мо ба хона рафтем, соат тақрибан 3 буд. Якбора як мошини «Хундай Старекс» омад, аз дари мусофир як нафар, аз паҳлуи ронанда як нафари дигар, ки рўяшон пўшида дар даст автомат доштанд, фаромада, бо русӣ моро амр карданд, ки ба мошин савор шавем. Мо ҷуз итоат дигар илоҷ надоштем. Тавассути ин мошин тахминан 40 дақиқа ҳаракат карда, ба хонае расидем. Дар он ҷо ба мо суф дода, амр карданд, ки ҳамаи либосҳоямонро бадар карда, худамонро бо суф печонем. Шиноснома, ҳуҷҷатҳо телефонамонро гирифта батареҳояшонро канда, скочпеч карда, номҳоямонро навиштанд. Вақти омадани мо дар ин хона аллакай чанд нафари дигар аз намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла туркмену ўзбек буданд. Баъди ин як автобус омад, мо савор шудем. Баъди тахминан 4 соати ҳаракат вориди як шаҳр шудем, ки дар он ҷо давлати Шом – Сурия буд. Автобусҳо ҳаракат карда, ба як ҳавлӣ даромаданд, моро фароварданд. Ба як иморат даромадем, ки саҳнаш мисли саҳни масҷид калон буд ва дар рўйи замин ба таври пароканда зиёда аз 80-нафар менишастанд…

Доктори тоҷик: «КУШАНД ҲАМ, СИЛОҲ НАМЕГИРАМ!»

        - Баъдан дарк кардед, ки ба куҷо омадаед?

         - Ба ҷиҳод оварданамонро намедонистам. Аммо аз ҷамон вақте, ки дар Туркия силоҳдорон моро асир гирифтанд, ман ҳис кардам, ки моро ё фурухтаанд ё ба ягон балои дигар гирифтор шудем. Ман дар ин ҷо аз фикру хаёл шабҳо хобам намебурд. Тақдирамон номаълум буд. Як рўз як нафарро аз дар бароварда, партофтанд. Ў бо ҳеҷ кас ҳамсуҳбат намешуд. Шабона мисли ман хоб намерафт. Як шаб ў ба сутун такя зада, ба фикру хаёл ғутида буд. Мани бехоб ҳам наздаш рафта, бо русӣ салом додам. Маълум шуд, ў тоҷик будааст ва худро доктор муаррифӣ кард. Ў гуфт, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Туркия барои кор омадааст. Маҷбуран ба ин ҷо оварданд, ки ба ҷанг равад, аммо розӣ нест. Доктор гуфтааст, ки бемор оред, табобат мекунам, аммо ба дастам силоҳ намегирам. Маро таҳдид мекунанд… Ҳамчуни ў гуфт, ки 3 моҳ боз қасди гурехтан дорад, аммо бенатиҷа. Касе, ки дар ин ҷо кўшиши гурехтан мекунад, сарашро аз танаш ҷудо мекунанд. Ман ҳам ба ў қиссаи ба асорат афтоданамро нақл кардам. Рўзи дигар ўро бурданд ва дигар надидам…

         - Яъне, ба қавле «ҷиҳоди» шумо аз Сурия оғоз шуд.

         - Не, мо дар ин ҷо 8 рўз мондем. Баъдан моро ба воситаи як автобус, ки занону кўдакон ҳам буданд, ба Мавсили Ироқ оварданд. Дар ин ҷо моро 7-8 нафарӣ ба мошинҳои майда савор карда, ба як хона бурданд. То мо дар он ҷо тоҷик , ўзбек, туркмен ва арабҳо буданд. Гуфтанд, ки дар ин ҷо як моҳ  дарси ислом меомўзем. Пагоҳи он рўз арабе ҳамроҳ ба як тоҷик омаданд. Араб дарс медоду тоҷик тарҷума мекард…

         - Тоҷикони он ҳуҷра аз куҷо буданд ва чӣ гуна ба Ироқ рафтаанд?

         - Дар хонае, ки мо меистодем, як марди тоҷикро, ки Абумуҳаммад М. ном дошт, беҳад эҳтиром мекарданд. Ман аз тарс аз худаш напурсидам, аммо ҳамроҳи ў як тоҷики кўлобиро, ки ўро Абўмуҳаммад Б мегуфтанд, оҳиста пурсидам, ки ин кист ва чаро ўро эҳтиром мекунанд? Ў гуфт, ки Чоловҳоро мешиносї? Ин аз ҳамон авлод аст ва Давлати Чол ном дорад. Дар Тоҷикистон 8 сол зиндонӣ буд, баъди ин 3 сол ба озодӣ баромад, боз як соли дигар нишаст ва гурехта ба ин ҷо омад. Ҳамчунин гуфт, ки Давлат дар Тоҷикистон командир буд. Ҳамсуҳбатҳои асосии Давлат як чечен – Абубарот ва ҳамон кўлобии ҳамсолаш буданд. Дар он ҷо номи ҳамаро тағйир медиҳанд ва пурсидан иҷозат нест. Баъди 27 рўз таълимоти динӣ ба охир расиду моро ба як иморати дигар бурданд, ки зоҳиран киностудяи харобшуда ба назар мерасид ва дар яке аз залҳои он тамрини ҳарбӣ оғоз шуд. Рўзи авали машқ як араби ланг бо як тоҷик, ки Абўталҳақ ном доштааст, омаданд. Араб ба мо салом дод ва тирҳои автоматашро пеши мо холӣ еарда, хабар дод, ки дар ин ҷо якуним моҳ  дарси ҳарбӣ меомўзед.

- Шумо забони арабиро медонед?

         - Не, ў арабӣ ҳарф мезад ва Абўталҳақ, ки ҳам тоҷикӣ, ҳам ўзбекӣ, ҳам русӣ ва ҳам форсиро медонист, тарҷума мекард.

         - Дарсҳои ҳарбӣ аз чӣ  иборат буданд?

         - Ҳамаи машқҳои ҳарбиро иҷро мекардем. Яроқро меомўхтем, аммо тир надошт, фақат тарзи истифода, тоза кардан, тир ҷой карда холӣ кардан ва ғайраро нишон медоданд. Мо аз он толор берун намебаромадем. Ҳамин тавр 17 рўз машқ кардему моро дар як мошини «Портер» савор карда, тирпарронӣ бурданд. Он ҷо 3 тир аз автомат ва 2-то аз пулемёт паррондем. Рўзи 18-ум машқамон тамом шуд ва гуфтанд, ки шуморо ба ҷанг мебарем. Аммо моро ба шаҳр, ба маҳали аҳолинишин оварда, дар хонаҳо 12-нафарӣ тақсим карданд. Абудуҷана ном тоҷикро ба мо шахсӣ масъул монданд, то хурок ва зиндагии моро таъмин кунад. Ў ба мо 50-сўмии ироқи дод. Телефон ва шиносномаву ҳуҷҷатҳоямонро бозгардонид. Аммо бачаҳо шиносномаҳояшонро дарронида партофтанд. Ман бошам онро пинҳон кардам. Ба мо амр карданд, ки акси якҷоя гирем. Баъди акс гирифтан Абудуҷана гуфт, ки аз ҳисоби худаш моро ба интернет-кафе, баъдан шашликхуриву оббозӣ мебарад. Дар интернет-кафе ҳама саҳифаҳоямонро кушодем, ман дар «Одноклассники» саҳифа доштам. Абудуҷана маҷбур кард, ки суратамонро дар саҳифаамон гузорем. Мо ҳзам дастури ўро иҷро кардем. Баъд гуфт, ки акнун тамом, шумо дигар ба Ватан баргашта наметавонед, зеро шуморо зиндонӣ мекунанд.

ПОРА ШУДАНИ ДАВЛАТИ ЧОЛ

 - Бори аввал кай ба амалиёт баромадед?

         - 8 рўз дар ҳамон хона мондем. Баъдан дар як мошини «Фура» мо 12 нафарро савор карда, гуфтанд, ки ба амалиёт меравем. Ду ҷуфт пўшок, соат, яроқ, 2-тоӣ магазини тир ва 3-донагӣ граната доданд.баъди 4 соат дар дар назди як хонаи лойӣ моро фароварданду чанд мошини майда омад, ки зарбхурдаву ҳатто бешиша буд. Мо 4-нафарӣ ба мошинҳо савор шудем. Давлати Чол дар назди ронанда, Абўбарот дар пушташ, дар байн Абуҷаъфари шаҳритусӣ ва ман дар пушти ронанда нишастем. Он ҷо ҷанг буд, садои тиру таркиш аз чор тараф. Баъди чанд лаҳзаи ҳаракат мошин якбора истоду ба мо ишора шуд, ки давед. Касе ба ман нафаҳмонид, ки ба муқобили кӣ ҷанг мекунем, душманамон кист? Давлати Чол якум, Абубароти чечен баробараш, Абуҷаъфари шаҳритусӣ аз пушт ва ман аз қафо медавидем, ки ин дам як шувваси сахт шуд. Моро ҳангоми таълим гуфта буданд, ки садои шуввасро, ки фаҳмидем бо шикам хоб равем, зеро снаряди самолёт аст. Ман худро ба шикам партофтам, аммо дидам, ки снаряд дар мобайни Давлат ва чечен афтод ва онҳо пора-пора шуда, пош хурданд. Бачаи шаҳритусиро пушташ шикоф шуд, аз бинию гушам хун мерехт, аъзои баданам дард мекард. Баъди чанд дақиқа маро дида, омада бо мотосикл бурданд ва дар як подвал духтур маро муоина кард. Ҷавони шаҳритусиро оварданд, аммо ў ҷон дод.

МАНТУИ ГУЛМУРОД ҲАЛИМОВ

- Шахси маҷруҳ дар он ҷо чӣ кор мекунад?

         - То муолиҷа ёфтан ба ҷанг намеравад. Баъди маҷруҳ шуданам маро боз ба Мавсил оварданд, ба ҳамон хона, аммо дар он ҷо боз 12 одами нав оварда буданд, ки 6-7 нафарашон аз як авлод, аз Исфара буданд. Рўзи баъдӣ маро ба беморхона бурданд. Як ҷавони тоҷик, ки Доктор ном дошт, маро муоина карда гуфт, ки ба гўшат равғани зайтун рез, баъд тоза мекунам. Кўча баромадам, вақти намози ҷумъа буд, ба масҷид рафтам. Баъди баромадан аз масҷид ҳамон докторро бо як рафиқаш, ки Хаттаб ном дорад, вохўрдам. Ў аҳволи маро пурсид ва пешниҳод кард, ки мантухўрӣ равем. Мо ба як хона омадем, марде дароз кашида буд, пояш варамкардаву суп-сурх маҷрўҳ, дар бағалаш як духтарча ва як кўдаки дигар рўи хона бозӣ мекард. Он ҷо манту хурда берун баромадем. Доктор маро пурсид, ки ўро шинохтӣ? Ман гуфтам, не. Ў гуфт, ки ин мард полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Тоҷикистон буд, ки фирор карда, ин ҷо омадааст…

         - Шумо пештар дар бораи Ҳалимов маълумот доштед?

         - Не, аммо вақте, ки дар хона будем, Абуталҳаҷ бегоҳиҳо омада Давлатро мебурд. Мегуфтанд, ки онҳо пеши полковник мераванд. Ман он рўз фаҳмидам, ки полковник – Ҳалимов будааст.

         - Баъди ин Ҳалимовро дидед?

         - Бале, рўзи дигар бегоҳ ба хонаи мо омад ва бо мо суҳбат дошт. Гуфт, ки ман дар Тоҷикистон полковник будам, хонаву дару мошин ва рутбаву обрў доштам, аммо бубинед, ки хамаро ба хотири хидмат дар дин қурбон кардам. Шумо ҳам аз ман ибрат гиред, фикри падару модару хонаву дар накарда, фақат ҷанг кунед. Ў тоҷикиву русиро омехта гап мезад ва ҳарфҳои тоҷикиашро чечен ба русӣ тарҷума менамуд…

ДИИШ МАКОНИ НАШЪАМАНДУ БАЧАБОЗ…

          - Фикри фирор ба сари шумо аз куҷо пайдо шуд?

         - Аз аввал ман нияти гурехтан доштам, аммо роҳе пайдо карда натавониста, то ҳадде, ки умедамро кандам. Як рўз ба интернет-кафе рафта, бо як бачаи тоҷик вохўрда, суҳбат кардем. Ў ба ман гўфт, ки ин ҷо на ислом аст, на ҷиҳод, балки макони фанду фиреб, ки ҳам бангӣ, ҳам бачабоз, ҳам наркоман ҷамъ шудаанд. Ў гуфт, ки дар фикри гурехтан аст ва бо баҳшонае, ки ҳамсараш омадаасту дар сарҳад қарор дорад, мегурезад, зеро роҳҳоро медонад. Ман хона омадам, ки Абудуҷана онҷост ва ба мо хурок овардааст. Ба ў гуфтам, ака, оилаам омадааст ва мегўяд, ки то маро зинда набинад, аз сарҳад намегузарад. Ҳамроҳаш бачаам низ ҳаст. Ў ба ман гуфт, ки ба бозор рав, дар ошёнаи 2-юм ҷойи иҷозатномадиҳӣ ҳаст. Ман рафтам, дарро кушодам, ки 3 кас нишастаанд, риши яке то ноф дароз. Ў тоҷик буд. Ба ў мақсадамро гуфтам. Ў дар як қоғаз бо арабӣ чанд сатр навишта дода гуфт, ки ба постҳо нишон деҳ, туро роҳбалади мекунанд. Хона рафта, либос ва ҳуҷҷатҳоямро гирифтам, ба пост омадам ва қоғазро нишон додам. Ў як мошини майдаро нигоҳ дошт. Баъди 4-соат ба як пости калон расидем, ки сарҳади Ироқу Шом буд. Дар он пост низ варақро нишон додам, яке аз масъулин маро ба як «Фура» савор кард ва то шаб ҳаракат кардем. Баъди ин моро ба як «Старекс» савор карданду то сарҳад расидам. Байрақи Туркия аз дур намоён буд.

         - Дар сарҳад ба шумо мушкилӣ пеш наоварданд?  

         - Шумо гумон мекунед, ки он ҷо гузаштан озод аст? Боз ба ман, ки саропо мусаллаҳ будаму либоси низомӣ ба тан. Дар пост ба як ҳуҷра даромадам, ки ду нафар як арабу як чечен он ҷо буданд. Бо русӣ мақсадамро гуфтам ва вақте ному насаби «занам»-ро талаб карданд, номи як занро гуфтам. Чечен ба куҷое рафта, баргашт ва гуфт, ки дар марз бо ин ном касе нест. Ў гуфт, ки рафта дар ҳуҷраи кормандони амниятӣ истам ва то субҳ мунтазир шавам. Шаб пеш аз хоб хестам, ки ҳаммом кунам ва дар ҳаммом ҳуҷҷатҳоямро ба поям баста, баргашта хоб рафтам. Онҳо шаб сумкаи маро кофта, санҷиданд, ки ҳуҷҷат дорам ё не… Субҳ боз рафтам, аммо дар пост як араби дигар буд. Ў аз ман чизе пурсид, посух гуфта натавонистам, ки дар ҳамин вақт чечен омад. Араб ҳадафамро пурсид, гуфтам, ки ба хоҳиши худам омадам, барои ҷангу ҷиҳод ва зану фарзандамро интизорам. Араб маро ба хонааш бурда, хурок дод ва калиди як хонаро дод, то омадани ҳамсарам он ҷо зиндагӣ кунам. Ў яке аз сардорон будааст, шукр, ки ҳарфи зиёдатӣ аз даҳонам набаромадааст… Аз тирезаи хонаи ман пост намудор буд,ки дар як ҳуҷрача 2 нафар нигаҳбон буданд. Рўзи сеюм ба наздашон рафта, шинос шудам. Як нафарашон туркман ва нафари дигараш, ки тахмин аз 50-сола боло буд, аз тоҷикони Самарқанд будаанд. Дар чанд рўз бо онҳо ошно шудам ва тоҷики самарқандиро тағо гуфта, муроҷиат мекардам. Ў марди хубе буд. Баъди чанд ҳадафи аслии омаданамро ба тағо гуфтам. Ў гуфт, ки барои гурехтан танҳо Ҷаъфар кумак мекунад. Баъди чанд лаҳза як мотосикл омад, ки аз он як марди ланг пиёда шуд. Ў Ҷаъфари ланг буд, ки тақоро барои ошхўрӣ ба хонааш даъват мекард. Тағо ўзр пеш овард, ки дар пост аст ва пешниҳод кард, ки маро барад. Ман ба хонаи Ҷаъфар рафта, ош хўрдем ва бо ў рафиқ шудем. Ба ў ҳам мақсадамро гуфтам. Вай гуфт, ки як араб ин корро анҷом медиҳад ва мо ба хонаи ў рафтем. Араб гуфт, ки 250 доллар диҳам, ў маро ба Туркия мегузаронад. Аммо ман ҳамагӣ 120 доллар доштам.

         - Шумо аз куҷо чунин маблағ доштед? 

         - Араб баробари калиди хона ба ман як миқдор пули ироқи дод, ки ман онро дар нуқтаи пуливазкунии назди сарҳад бо доллар иваз кардам, ки он 120 доллар ва 30 сўми ироқӣ шуд. Ман ба араб гуфтам, ки бо ҳамин маблағ кори маро буд кун, аммо ў розӣ нашуд. Ҷаъфар ҳам гуфт, ки пул надорад…  Араб ба ман роҳ нишон дод, ки субҳ ҳамроҳи мардуми маҳаллӣ аз сарҳад гузарам, аммо натавонистам. Туркҳо ҷониби мо тир холӣ карданд.

АЗ МАСВИЛ БА ИСТАНБУЛ

      - Пас чӣ гуна сарҳадро убур кардед?

         - Як рўз ҳамроҳи Ҷаъфар ба бозор рафтем. Дар он ҷо бо доктор ва Хатаб вохўрдем. Онҳо сабаб пурсиданд. Гуфтам, ки барои пешвози занам омадаам. Онҳо дар ҳуҷраи ман барои истиқомат омаданд. Як рўз доктор бо шўхӣ пурсид, ки ту чи мақсад дорӣ, ман ҳам бо ханда гуфтам, ки гурехтаниям. Доктор гуфт, ки ў ҳам гурехтанист, аммо роҳашро намедонад. Ман гуфтам, ки арабе бо 250 доллар мегузаронад. Доктор гуфт, ки 4000 доллар дорад, агар он арабро пайдо кунам якҷоя мегурезем. Ба воситаи Ҷаъфар арабро пайдо кардем, аммо ў рад кард. Гуфт, ки аз кораш огоҳ шуда, ўро ду рўз боздоштанд ва ў дигар ба ин кор даст намезанад. Фақат ба мо роҳ нишон дод, ки бо зери хати барқ, ки аз Шом ба Туркия мегузарад, шабона сарҳадро убур кунем, зеро дар зери хати барқ мина намегузоранд. Хулоса шабона Ҷаъфар бо мотосикл моро то симчўб бурд ва як  ўзбеки дигарро ҳамроҳ карда гуфт, кушиш кунед, ки ба қафо бознагардед, вагарна ҳам ман, ҳам тағо ва ҳам шумо зинда намемонем. Ман бо шикам хазида-хазида аз сарҳад гузаштем. Дар сарҳади Туркия замини кишти ҷуворӣ буд. Дохили он даромада, либосҳоямонро иваз кардем силоҳамонро партофтем. Ман гранатаҳоро гўр кардам. Аммо шарақ-шараки ҷувории хушкро сарҳадбонон фаҳмида, ҷониби мо тир холӣ карданд. Ману доктор ба як тараф Ҳаттабу ўзбек ба тарафи дигар гурехтем. Хулоса, ба маҳали аҳолинишин расидем ва як дарвозаро кушода, дохили як дар даромадем, ки он ҷо ҳоҷатхона буд. То субҳ он ҷо мондем, дасту рўй шуста баромадем, ки дар паҳлуи он хона шуъбаи полис воқеъ будааст. Аз онҳо гузаштем, ки каме болотар равем, қисми ҳарбӣ будааст. Ин вақт таксӣ омад, ки ҳамаги як мусофир-зан дошт, баъдан маълум шуд, ки ба қисми ҳарбӣ ба хабаргирии фарзандаш омадааст. Доктор дар телефон чизе навишта, ба ронанда нишон дод, ў ҳам навишт, ки 100 доллар. Ин «ок» навишт. Баъди чанд соати ҳаракат ба як вокзал расидем, аз он ҷо чиптаи ҳавопаймо гирифта, то Истанбул рафтем…

ДОМИ ДОКТОР ВА ФИРОР АЗ НАМОЗИ ШОМ

       - Пас, чаро чипта харида, ба Тоҷикистон наомадед, балки, дар Истанбул мондед?            

         - Аввал, метарсидем, ки моро ҳабс мекунанд. Дуввум маблағ надоштем. Дар Истанбул чанд рўз мондем. Доктор як ҳуҷра иҷора гирифт, як рўз рафта бо фиреб аз бозор 6-7 ҷуфт ҷинсро гирифта, пулашро надод, бо фиреб ҷойи хоб гирифт. Як рўз аз куҷое Хатаб пайдо шуда омад ва онҳо шабона бедарак шуданд. Пагоҳ баргашта ба ман гуфтанд, ки аз гурехтани мо дар Мавсил огоҳ шуда, моро шабона бозпурсӣ бурданд. Ҳар вақте меоянд, мо бояд баргашта равем. Ман ба ҳарос афтода, роҳи халосӣ аз инҳоро ҷустам. Фиребашон кардам, ки акаам ба ман пул фиристодааст, бояд рафта аз назди метро гирем. Дар метро моро кормандони амнияти Туркия боздоштанд ва ҳуҷҷат пурсиданд. Ман нишон додам, аммо доктор ўро фиреб карда моро халос кард. Вақти бозгашт аз назди масҷид мегузаштем, ки азони намози бомдодро доданд. Ман пешниҳод кардам, ки намозхонӣ дароем. Чун вориди масҷид шудем, ҳама намозро оғоз карданд, дар вақти саҷда кардани ҳама ман гурехтам… Ҳамин тавр, дар Туркия мондам. Ба воситаи як ширкат кор пайдо кардам, аммо баъди якуним моҳ ҳуҷҷатҳоямро гум кардам. Бо полис муроҷиат кардаву аз Сафорати Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатӣ гирифтам ва зиёда аз як сол дар Истанбул мондам…

         - Чӣ тавр ба Ватан баргаштед? 

         - Бо пайвандонам тариқи интернет робита пайдо кардам, онҳо гуфтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон нафаронеро, ки бо хоҳиши худ ба Ватан бармегарданд, авф мекунад. Ман ҳам чипта харида, хона омадам, истироҳат карда, ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муроҷиат кардам. Инҳо ҳам маро дарк карда, авф карданд…

  МУРОҶИАТИ МАҲМАДНАИМ БА ХОНАНДА:

         - Имрўз мисли ман даҳҳо нафар гурехта дар Русия, Туркия, Украина ва дигар кишварҳо қарор доранд. Ман ба онҳо муроҷиат карда, гуфтаниам, ки ба Ватан баргарданд, Ҳукумати мамлакат онҳоро авф мекунад. Имрўз ман дар хона , назди падару модар ва зану фарзандам ҳастам. Дар зиндагии инсон ҳама гуна иштибоҳ рух медиҳад, муҳим ислоҳи саривақтии он аст.

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ