Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ЗАМИН НОУМЕДАТ НАМЕГАРДОНАД

          Таъкидҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз як замин гирифтани ду-се  ҳосилро меҳнаткашони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сармашқи кори худ намуда, онро дар амал тадбиқ мекунанд. Аз як замин гирифтан ду-се ҳосил ва ба ин васила ғанӣ гардондани дастурхони мардум ва бозори истеъмолии мамлакат асоси кори меҳнаткашон гардидааст. Ин тарзи меҳнати пурсамарро  дар ғайратмандии  аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Хоксор», аз ҷамоати деҳоти Чубек, ки сарвариашро деҳқони асил ва пуртаҷриба Хоксор Ҷумъахонов  ба зимма дорад, бараъло дидан мумкин аст.  Ин деҳқонони пуртаҷриба ва ғайртманд, дар ихтиёри худ 27 гектар замин дошта, ҳар сол тавассути мењнатти аҳлона, истифодаи агротехникаи пешқадам ва махсусан захираҳои дохилӣ  ҳосили фаровони маҳсулотҳои кишоварзӣ ба даст меоранд. Онҳо дар 15 гектар пахта, 6 гектар гандум  ва ҷуворимакка ва боз дигар маҳсулотҳои ниёзи мардум кишт намуда, ҳосиди дилхоҳ ба даст оварданд.

     -Баъди ғундоштани ҳосили якуми маҳсулотҳо  мо заминро бекор намонда, дар майдони 0,60 гектар сабзӣ,  0,70 гектар пиёзи  баҳорӣ, 0,5 гектар карам, 02 гектар бодиринг ва дигар маҳсулотҳо кишт кардем. Ду рўз пеш  ҳосили расидаи сабзиамонро  аллакай ба бозор баровардем. Ва нисбати нархи бозор арзон ба харидорон пешкаш кардем. Дигар  маҳсулотҳои такроран кишт намудаамон низ хуб нашунамо доранд. Аз таҷрибаи кориам хуб мефаҳмам, вақте ки ба замин бо як ҳисси меҳру муҳаббат сару кор мегириву онро самаранок истифода мебарӣ, он ноумедат намегардонад. Аз он соле, ки маслиҳзат намуда хоҷагии деҳқониамонро ташкил намудем, чанд сол гузашт. Ягон соле нашудааст, ки моро замин ноумед гардонад. Ҳар сол  дар заминҳои хоҷагии деҳқоиамон намудҳои гуногуни маҳсулотҳои кишоварӣ кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меорем-мегўяд сардори хоҷагии  мазкур, деҳқони соҳибтаҷриба Хоксор Ҷумъахонов.

    Ба маврид аст қайд намоям, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳия ҳар сол тавассути меҳнати аҳлонаашону ташаббускориашон аз заминҳои дар ихтиёрашон буда, ду-се  ҳосили фаровони маҳсулотҳои кишоварзӣ ҷамъоварӣ намуда, дар ҳалли Барномаи озуқавории мамлакат ҳиссаи босазои худро мегузоранд.

Маркази Матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай