Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СИТОД АМАЛ МЕКУНАД.

                           

      Ситоди тайёрӣ ба зимистонгузаронии ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода баргузор гардид. Дар Ситод роҳбари он, ҷонишини раиси ноҳия С.Бодомзода ахборот дод. Қайд карда шуд, ки барои омода намудани ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ баҳри  хуб гузаронидани мавсими зимистон корҳо дар сатҳи даркорӣ  идома доранд. Бисёрии ташкилоту муассисаҳо хеле пеш баҳри бе мамоният гузаронидани мавсими зимистон омодагии ҳаматарафа дида буданд. Дар самти  хуб гузаронидани мавсими сармо кор дар шуъбаи маориф, беморхонаи марказӣ бахши госпиталӣ, идораи истифодабарии роҳҳо, идораи хизмати коммуналӣ мувофиқ ба талаботи рўз аст.  Аммо санҷишҳо ва таҳлилҳло нишон медиҳанд, ки   дар баъзе ташкилоту муассисаҳо ба ин маъракаи муҳим диққати ҷиддӣ надода, ҳоло ҳам фориғболанд.

   Раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода қайд кард, ки аз рўйи мушоҳидаи ҳавошиносон зимистони имсола нисбати солҳои қаблӣ барвақттар омада, хунукиҳои сахт ба дунбол дорад. Моро лозим меоят, ки масали  «илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ» ро фаромўш накунем. Ҳар як кор бояд дар сари вақт ва босифат анҷом дода шавад. Чун чорабиниҳои дар ин самт созмондодашуда амалӣ мегарданд, дар фасли сармо корҳо бе ташвиш маҷро мегиранд. Раис аз роҳбарони то ҳол  ба ин маърака  пурра омода нашуда сахт пурсид ва мўҳлати муайянашон дод, то камбудиҳоро ислоҳ намуда, маълумотномаи муфассал оиди корҳои иҷрошударо шахсан ба ў  пешниҳод намоянд.   

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

    

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай