Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРУ НАТИҶАИ ДИЛХОҲ ДОД

           Дар ноҳия ба сафи Артиши миллӣ  сафарбар кардани ҷавонон идома дорад.  Аммо  ҳолатҳое рух медиҳад, ки қисман чавонон аз ин вазифаи муқаддаси худ  - хизмати Модар-Ватан бо ҳар баҳона канораҷўйи мекунанд. Ҳамин  ҷиҳатҳои корро ба инобат гирифта, бо супориши раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода вохўрӣ бо фаъолони ноҳия баргузор карда шуд. Дар вохўрӣ қатори кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳо боз директорони мактабҳо, вакилони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

      Раиси ноҳия дар суханрониаш  ин ҳолати ногуворро ҳаматарафа таҳлил намуда, аз шахсони ба сафарбаркунии ҷавонон ба Артиши миллӣ  сахт пурсид.

   -Сабаби асосии ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ  хунукназарона рафтор кардани  ҷавонон дар он аст, ки шахсони мутасаддии  ба ин кор вобастакардашуда вазифаи хизмати худро дар ин самт дуруст иҷро накарда истодаанд. Сабаби дигараш он аст, ки омилҳои оммафаҳмонӣ, бо мардум дар якҷоягӣ кор кардан, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ  дар сатҳи бояду шояд маҷро надорад. Фаъолони шаҳрак ва маҳалаҳо фаъолияти худро дар ин самт суст кардаанд. Дигар масъалаи ташвишовар он аст, ки чун мавсими сафарбаркунӣ оғоз ёфт, волидон бо ҳар роҳ фарзандони худро аз ин кор гурезонда, ё ба Руссия равон мекунанд, ё бо баҳонаи беморӣ садди роҳи хизматашон мешаванд.  Аз ин , моро лозим меояд, ки ҳамчун фаъолони ноҳия бо роҳҳои гуногуни оммафаҳмонӣ ин омилҳои номатлубро, ки пеши роҳи хизмати ҷавонон мегарданд, аз байн бардорем. Набояд фаромўш кард, ки хизмат ба Ватан ин қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони ватандўст мансуб мешавад,-гуфт дар суханрониаш раиси ноҳия.

       Вохўрӣ бо фаъолони ноҳия натиҷаи худро дода истодааст. Аллакай, сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ариза дода шомили Артиши миллӣ мешаванд, афзуда истодааст. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай