Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - РОЗӢ РАФТАНД

 

      Рўзи шанбе ба қабули раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода корафтодагон омада буданд. Раис ҳамаи корафтодагонро қабул намуда, барои ҳалли масъалаҳои ба миён гузоштаи корафтодагон чораҳои мушаххас андешид.

     Одамони омада аслан дар бораи замини наздиҳавлигӣ, муносибатҳои оилавӣ, тақсими хонаи истиқоматӣ,  камбизоатӣ ва ёрӣ пурсидан, замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ  ба раиси ноҳия муроҷиат карданд. Ҳар рўзи шанбе дар рўзи қабули раис инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, мутасаддиёни  ҳукумати ноҳия низ ширкат варзида, ба муҳтавои талабу дархости омадагон шахсан шинос  мешаванд. Ва раис барои ҳалли масъалаҳои ба миён гузоштаи корафтодагон роҳбарони масъалаҳои  ба онҳо марбут бударо  мутасаддӣ намуда, супориши мушаххас дод.

      Ба маврид аст қайд намоем, ки  вақтҳои охир ба қабули раиси ноҳия нисбати давраҳои пешин корафтодагон камтар меоянд. Ин  амал аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарони дар маҳаллаҷойҳо буда, ба мушкиливу дархости корафтодагон дар сари вақт мерасанд. Масъалаҳои ба миён гузоштаашонро  дар ҷояш ҳал мекунанд. Чунин усули корҳо имконият дод, ки шикоятҳои меҳнаткашон дар ноҳия ба маротиб камтар шавад.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

    

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай