Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТАНАИ РЎЗИ САИД

      Таҷлили Рўзи Президент дар ноҳия дар рўҳияи баланд баргузор гардид. Омадагонро раиси ноҳия, узви Маҷлисм миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода табрик намуда, оиди ин санаи таърихӣ баромади пурмуҳтаво намуд.

      -Рўзи Президент-ин идест, ки зери он тамоми муваффақияту комёбиҳои меҳнаткашони Тоҷикистони соҳибистиқлол  таҷассуми пурраи худро ёфтааст. Маҳз талошҳои Сарвари муаззами милла,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд,ки як давлати фаногаштаи дар сарҳади нестӣ бударо ба як давлати мутараққии ҳамашинохт мубаддал гардонд. Бо ташаббусу дастгирии ин сиёсатмадори давраи навин  дар мамлакат ободкориву созандагӣ ва бунёдкорӣ равнақи тоза гирифт. Симои ин давлати ҷавон  куллан дигаргун шуд. Сиёсати дохилию хориҷии моро  ҷаҳониён пазируфтанд. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 169 мамлакати дунё равобити сиёсӣ, тиҷоратӣ ва дипломатӣ дорад. Президенти малакатамонро бошад ҷаҳониён ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки барои оромию сулҳу субот дар сайёра талош дорад, мешиносанд ва эътироф мекунанд,-гуфт дар баромадаш раиси ноҳия.

        Рўзи Президент дар ноҳия ба як тантанаи хотирмон мубаддал гашт.  Савту навои дилошўби ҳунармандони  Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошим, ки  дар онҳо васфи Ватан, Пешво, Истиқлолият  таҷассум меёфт, хотири омадагонро болида гардонд.

      Ин санаи таърихӣ бо як чорабинии фаромўшнашаванда дар ноҳия табдил ёфт.

  Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай