Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРӢ СУДБАХШ ГУЗАШТ

     Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи супориши  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2020  ҷиҳати иҷрои  «Созишнома оид ба маблағгузории  лоиҳаи  фавқулоддаи  муқоимат бо вируси СOVID -19 дар Тоҷикистон» аз 21 майи соли 2021  ҷиҳати тавқият бахшидани раванди  амалисозии механизми  расонидани кумакпулии  якдафъаинаи  иҷтимой, ташкил ва гузаронидани  корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ  ба нақша гирифта шуда, гурўҳҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  сафарбар карда шуданд.

      Дирўз гурўҳи корӣ  оид ба ташкил ва гузаронидани  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва таблиғотӣ  миёни аҳолӣ дар ҳайати мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати У. Маҳсиддинов, Муҳаммадҷони Соҳиб, З.Нуралиев, Ф.Исозода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шуда, оиди масъалаҳои  мазкур бо аҳолӣ вохурӣ ва суҳбатҳо гузарониданд.

      -Вохўриҳои ҳайати созмондодаи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар рўҳияи баланд ва якдигарфаҳмӣ маҷро гирифта, омадагон ба корҳои дар самти пешгирии ин бемории хавфнок ва чораҳои дар ин  бобат дидаистодаи Ҳукумати мамлакат взеҳтар шинос шуданд,-гуфт  мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии  макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Абдусамад Бухориев.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай