Бо ташаббуси бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кор бо ҷавонон ва варзиш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва Колеҷи тиббии ноҳия дар мавзӯи "Парчам-нишони худшиносӣ" конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар конференсия хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон ширкат доштанд. Аз рӯйи ин мавзӯъ мудири бахши кор бо занон ва оила Фотима Маҷидова ва мудири бахши ҷавонон ва варзиш Некрӯз Давлатов баромад намуданд.
Конференсия дар рӯҳияи баланд баргузор гардида, хотирмон ба анҷом расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ