Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРНОМА АМАЛӢ МЕШАВАД.

       Меҳнаткашони ноҳия баҳри ба амал баровардани Барномаи озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардондани дастурхони истеъмолии  меҳнаткашон заминаи боэътимод гузошта истодаанд. Баъди  бомуваффақият баромадан аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ заминҳо аз ғўзапоя тоза карда шуда, босифат шудгор карда шудаанд. Дар заминҳои барои кишти ғалладонагиҳо ҷудо кардашуда аллакай, гандум чун қолини сабз дар назар менамояд, ки ин аз заҳмати деҳқонони қавиирода дарак медиҳад. Порсол деҳқонони ноҳия аз заминҳои ғалладона кишт кардаашон қариб ду баробари нақша зиёд ҳосил рўёнданд. Таъкиди ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат-Президенти мамлакат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмонро  дар бораи ду-се баробар зиёд захира намудани маҳсулотҳои хўрокворӣ мардуми ноҳия ҳаматарафа риоя намуда,  барои ба амал баровардани   таъкидҳои Ҷаноби Олӣ аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода мебаранд. Аз заминҳои дар ихтиёрашон буда, ду-се ҳосил гирифта, эҳтиёҷоти худ ва  бозори истеъмолиро таъмин мекунанд.

    - Хурсандиовар аст, ки солҳои охир дар ноҳия гармхонаҳо ва кишти зери плёнка хеле зиёд шуда, боиси таъмини аҳолӣ ба сабзавотҳои тару тоза мегардад. Ин кор дар ҷамоатҳои «Қаҳрамон», Панҷрўд, Панҷоб хеле хуб ба роҳ монда шудааст,-гуфт зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия  Тоҳирҷон Рофиев. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай