Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим.

     Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия доир гардид, ки кори онро муовини аввали раиси ноҳия Маҳди Орифзода пеш бурд. Масъалаи аввали рузнома- ҷамъоварии маблагҳои андоз барои моҳи январ буд ва таъкид карда шуд, ки масъулини соҳа ҷиҳати иҷроиши нақшаи андоз аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Инчунин, дар ҷаласа рафти корҳои саҳроӣ- ҳолати кишти зироатҳо, бан анҷом расонидани кишти барвақтии картошка, коркарди байни қаторҳои богҳо тибқи семинари баргузоргардида, кори яхобмонӣ, ба роҳ мондани кори ниҳолшинонӣ аз руи нақша ва гайраро пешниҳод намуданд.Муовини аввали раиси ноҳия муҳтарам Орифзода М.аз масъулини дигар самтҳо низ пурсиш ба амал оварда ба ҳамаи мутасаддиен дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

      Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.