Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ғолибон муайян шуданд

                              

      Бо  дастури  раиси  ноҳия   муҳтарам  Бозоралӣ  Одиназода   дар  давраи   таътили   зимистонаи  мактаббачагон  як  силсила  чорабиниҳо   ташкил ва гузаронида  шуданд.

     Дар  толори  варзишии  мактаби  №3-и Ҷамоати деҳоти “Панҷруд”  аз рўи  намуди   гуштини  самбо   мусобиқа доир гардид,  ки дар он 23 варзишгари  наврас   аз  мактабҳои  ноҳия  ширкат  варзида , байни  ҳам  рақобат  намуданд.

    Дар  ҷамъбасти  мусобиқа   гуштингирони  мактаби  №3   маҳорати хуб  нишон дода,   соҳиби ҷойи  аввал  гардиданд. Ҷойҳои  2-юму  3-юмро  варзишгарони  мактабҳои № № 27  ва 20  ишғол  намуданд.

    Ба  ғолибон Ифтихорномаҳои  мактаби варзишии  ноҳия  (директораш Бахтиёр  Саъдуллозода)  супорида шуд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай