Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Гуштини миллӣ

         Дар толори  варзишии   мактаби  варзишии  ноҳия  мусобиқаи  гуштини миллӣ  байни   варзишгарони навраси  солҳои  таваллуди 2008-2009   доир  гардид. Дар  он  13  даста  аз МТМУ-№№ 1,2,17, 16, 54, 27, 19,6, 12, 30, 52   ва  Гимназияи  давлатии  ноҳия  дар ҳайати  86  нафар варзишгар  ширкат  варзиданд. Қувваозмоиҳо басо  шавқовару  бо  шиддат  сурат  гирифта,  ғолибон  муайян  гардиданд. 

        Дар ҷамъбаст гуштингирони  дастаи МТМУ-№ 54 маҳорати  баланд  нишон  дода соҳиби ҷойи  аввал  шуданд. Гуштингирони   мактабҳои №№19,52  низ ба  мусобиқа  бо  тайёрии  хуб  омада,  зинаҳои  дуюму  сеюмро  соҳиб  гардиданд.  

Дар вазъияти  тантанавӣ  ба ҳолибон туҳфаҳои  хотиравӣ  ва  Ифтихорномаҳо  тақдим  карда  шуд. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай