Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ваксина – пешгирикунандаи коронавирус

       Дар ноҳия   тибқи   маълумоти  « Маркази   имунопрофилактика»,  нафарони  синну  солашон     аз 18  боло  буда  92483 – ро   ташкил  менамояд  ва бояд  инҳо  аз  ваксинаи  зидди  бемории  сироятии  COVID  - 19  гузаронида  шаванд.  Тибқи  маълумоти  пешниҳоднамудаи    директори   маркази  иммунопрофилактикаи  ноҳия   О.Маҳмудов  дар ноҳия  75651 вояи  якум  ( 81,8% )  ва вояи  дуюмро  48002  (53% )  гирифтанд.

      То  ин давра   ба ноҳия   ба қадри   127218  воя  ваксинаҳои   гуногун  ворид  шудааст  ва ба кормандони  бахши  тандўрустӣ    лозим  меояд,  ки дар байни   аҳоли  корҳои   фаҳмондадиҳиро  беҳтар  ташкил  намуда,  мардумро  бо гирифтани  ваксина  ҷалб,  намоянд,  зеро  ин   ягона  роҳи  пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус  мебошад.

маркази матбуоти раиси ноҳия 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай