Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Машварати ҳисоботӣ

                 

       Имрӯз  дар толори хониши китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки масъулини  филиал-китобхонаҳои оммавию деҳотӣ машварати ҳисоботӣ-дастурдиҳӣ доир  гардид.

     Машваратро мудири бахши фарҳанги  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Карим Шарифов  ҳусни ифтитоҳ бахшид.

     Сипас,  ҳисоботи  директори Китобхонаи марказии ноҳия Ғолибшоҳ  Юсуфов  шунида шуд.  Дар баромад  қайд карда шуд, ки фаъолияти Китобхонаи марказӣ ва  филиал-китобхонаҳои оммавию деҳотӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , қарорҳои раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳия ва бахши фарҳанг вобаста ба соҳа  ба роҳ монда шуда,  дар давраи соли 2021 вобаста ба талаботи замон ва завқу ҳаваси хонандагон силсилачорабиниҳои  гуногуни сиёсӣ, маданию фарҳангӣ  дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги тоҷик, ҷашнҳои миллӣ  гузаронида шуданд. 

     Дар машварат мудирони  филиал-китобхонаҳои  №№9,17, 13 баромад карда, аз фаъолият ва нақши  китобхонаҳо дар ҷалби бештари ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ба китобхонаҳо, омода намудани наврасону кӯдакон ва дигар табақаҳои аҳолӣ барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ва библиомарафон таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб  махоҳ” андешаҳои  хешро  баён  намуданд.

     Машваратро мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Карим Шарифов  ҷамъбаст намуда,  аз иштироккунандагон таъкид ба амал овард, ки дар роҳи иҷрои  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба маркази муҳими  илму фарҳанг  табдил додани китобхонаҳо  саҳмгузорӣ намоянд.

      Ба  иштироккунандагони машварат дастур дода шуд, ки фаъолияти китобхонаҳо  ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ва дигар табақаҳои аҳолӣ ба китобу китобхонӣ, гузаронидани конференсияҳои илмиву назариявӣ, маҳфили шеърхонӣ дар мавзӯъҳои  “Ватану ватандорӣ”,  “Рӯдакӣ-қофиласороли  назм”, “Бишнав аз най”  “Китоб-сарчашмаи дониш”,“Родмардони Ватан”,  “Ҷавонӣ навбаҳори зиндагист”, “Ваҳдат-волотарин сарвати миллат”, “Истиқлоли мо-иқболи мо”, ки аз вохӯрию мулоқотҳои раиси ноҳия бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия бармеоянд,  чораҷӯйӣ намуда, дар самти амалигардонӣ ва татбиқи барномаҳои миллии давлатӣ   барои  рушди  соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай