Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи Шўро баргузор гардид

Дирўз бо иштироки  муовини  раиси  ноҳия Исҳоқӣ  Ҳусния ва  аъзоёни  ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид  ба  рафти  иҷрои  «Барномаи  миллии ҳимояи аҳолӣ аз  бемории  сил  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2021-2025» натиҷагирӣ  карда  шуд. Дар  ҷаласа   ҳисоботи  Директори маркази  зидди  бемориҳои  сил  дар  ноҳия Фаридов А.  шунида  шуд. Қайд  карда  шуд,  ки  дар  соли  сипаришуда   аз ҷониби  марказ  81   нафар   бемор  ба қайд  гирифта  шудааст, ки  нисбати  соли  гузашта  5 нафар кам  мебошад.  Аз  шумораи беморони  бақайдгирифта  шуда   75  нафари  онҳо  бори  аввал  ба қайд  гирифта  шудаанд, ки  нисбати  соли  гузашта  3 ҳолат  кам  мебошад. Аз  шумораи беморон   39 нафари  онҳо  мард  ва  42 нафарашон  зан  мебошад.  Дар  ин  давра  аз  ҷониби  марказ корҳои  таблиғотию  ташвиқоти  хуб  ба  роҳ монда  шудааст, ки  ин ҳолат боиси  коҳиш ёфтани  беморон  гардид.  Дар  охир  ҷихати  боз ҳам  хубтар  гардидани  корҳо  дар  ин самт муовини  раиси  ноҳия  Исҳоқӣ Ҳ.  маслиҳатҳои  судманд доданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай