Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

       Рўзи  душанбе  ҷамъомади  назоратии    назди   раиси  ноҳия  доир гардид. Сараввал,  раиси  ноҳия, узви  маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бозоралӣ  Одиназода  аҳли кормандони  Комиссариати   ҳарбӣ ва Кумитаи   ноҳиявии  мададгори    мудофияро  ба ифтихори   рўзи  Қувваҳои   Муссалаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику  таҳният  гуфта,  бо Сипоснома  қадрдонӣ  намуданд.

    Доири  масъалаи   аввали   рўзнома-  андешидани  чораҳои   зарўрӣ  барои  ҷамъоварии  маблағҳои  андоз барои  моҳи   феврал  раиси  ноҳия  ба шахсони  масъул  таъкид  намуданд, ки   ҷиҳати таъмини натиҷаи андоз тадбирҳои зарури  андешанд.

    Ҳамчунин,  раиси  ноҳия  ба масъулони   бахши  кишоварзӣ  дастуру  супориш доданд, ки   заминҳо  ва техникаҳои   соҳаи кишоварзӣ,  кишти зироатҳо,  ба роҳ  мондани  кори  озуқадиҳӣ  дар  заминҳои  кишти  ғалладона  ҳарчи  зудтар  иҷро карда  шаванд.

    Ҷиҳати роҳандозӣ  намудани   корҳо дар самти таъсиси  коргоҳҳои  коркарди маҳсулотҳои  нонӣ, бахусус  корхонаи “Матин”  барои  истеҳсоли   яхмос  ва корхонаи  ордбарорӣ  дар деҳаи Тагноб;  баргузор  намудани  вохўри бо  роҳбарони корхонаҳои  саноатӣ  дар самти рушди соҳа;  ба тасвиб  расонидани амр  ва ё  қарори  раиси ноҳия дар бораи фаъолияти  дастаи фудболи “Сарҳадчӣ”,  ва варзишгоҳи  ноҳия;  ташкил  ва баргузор намудани чорабинии ноҳиявӣ   бахшида ба ҷашни   Рўзи Қувваҳои  Муссалаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;  муайян  намудани   ҷойи баргўзории    чорабинии  фарҳангии    Наврўзи  байналмилалӣ дар ноҳия  муҳтарам  Бозоралӣ Одиназода  ба нафарони масъулу  мутасаддиён дастуру  супориш доданд, ки  ҷиҳати  амалишавии корҳо   тадбирҳои  судманд  андешанд.

      Раиси  ноҳия   муҳтарам  Бозоралӣ  Одиназода  ҷиҳати  таҳия   ва пешниҳоди   барномаи  баргузории  чорабинии  ноҳиявӣ   бахшида ба   ҷашни “Наврўз -2022”,  пешниҳоди  маълумоти  дақиқ   доири   баргузории курсҳои   омўзиши  касби   ронандагӣ   барои ҷавонони  синни даъватӣ;  андешидани чораҳо  ҷиҳати   иҷрои  накшаи   обуна   ба Ахбори Маҷлиси   Олии  ҶТ ҳаммаи шахсони  масъул,  раисони ҷамоатҳо , сардори ТҶММ  ва дигаронро  вазифадор  намуданд, ки баҳри иҷроиши   корҳо   саъю  талош  намоянд  ва аз ҳар як имконият  самарабахш   истифода  баранд.

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай