Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРӢ БО СОҲИБКОРОН

 

       Дирўз  дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  бо  иштироки   раиси  ноҳия  муҳтарам Одиназода Бозоралӣ  вохўрии судманд  бо соҳибкорон  ва саноатчиёни  ноҳия  баргузор  шуд.  Мақсад  аз  баргузории  ин вохўрӣ  баҳри  дар  амал  татбиқ  намудани  дастуру супоришҳои  роҳбари  давлат,  ки  зимни сафари кориашон  моҳи  октябри соли 2021 ба  ноҳия  доштанд  ва  амалӣ  намудани  «Барномаи   саноатикунонии  босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои  2020-2025»  мебошад. Дар  рафти  мулоқот   гузориши  муовини  раиси  ноҳия,   (сарпарасти  соҳа)    Бодомзода С. К.  оид ба  натиҷаҳои     соҳаи  саноат дар  соли  2021  шунида  шуд.  Номбурда  қайд   намуд,  ки  дар  соли 2021  ҳаҷми   истеҳсолӣ  маҳсулоти   саноатӣ   дар  ноҳия   ба  156 миллиону  305,7 ҳазор  сомонӣ  расид, ки  афзоиш  нисбат  ба ҳамин   давраи  соли гузашта  37 миллиону   17,4 ҳазор    сомонӣ  ё    ин,  ки   131 фоизро    ташкил  медиҳад.   Дар соли   сипаришуда,   аз  66 корхонаи  саноатӣ  61  корхона  фаъолият  намуда,  5 корхона  фаъолиятти  истеҳсолиро  ба роҳ  монда  натавониста,  14  кохонаи  дигари  саноатӣ   ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти   саноатиро нисбати њамин  давраи  соли  гузашта  кам  карданд.   Раиси ноҳия  ҷиҳати  беҳтар   намудани  фаъолият,  афзун  намудани  ҳаҷми  маҳсулоти саноатӣ,  ташкили  ҷойҳои  нави  корӣ  ва  ноил  шудан  ба  ҳадафҳои  ҳукумати  мамлакат  ба  соҳибкорон ва  роҳбарони корхонаҳои  саноатии  ноҳия   дастуру  маслиҳатҳои    муфид  доданд.

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай