Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Табрикоти раиси ноҳия- муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба муносибати рўзи Артиши миллӣ

      Афсарону хизматчиёни ҳарбӣ!

    Ҷавонони далеру шуҷои Ватан!

              

    Имрўз мо яке аз санаҳои муҳим дар 29-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, ҷашн мегирем.

     Дар ин фурсати муносиб Шумо хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, захираҳои эҳтиётӣ ва  иштирокчиёни паради  имрўзаро бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги 29 – солагии  Рўзи таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз самими қалб  табрику муборакбод  мегуям.         

      Аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту душвориҳои зиёде Ҳукумати кишвар барои муҳофизати давлати навбунёдамон ба таъсиси Кувваҳои Мусаллаҳ шуруъ карданд. Артиши миллӣ, яке аз рукнҳои давлати мустақил мебошад, ки дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассос, ки ҳастии давлати тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, дар ҷойи холӣ, бе ягон пойгоҳи аввалия ва заминаи оддитарини  моддиву техникӣ ташкил карда шуд.

    Тоҷикистони мо, ки ҷузъи ҷомеаи ҷањонӣ    мебошад,     аз  таҳдиду хатарҳои имрўза ба монанди терроризму экстремизм ва    дигар   ҷиноятҳои трансмиллӣ эмин буда наметавонад. Аз ин рў, барои аз чунин хатарҳо ҳифз кардани Ватани азизамон дар баробари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мо ҳамагон низ бояд саҳмгузор бошем, то ин ки душманони хориҷии мо ин амнияту тинҷиву осоиштагии кишварамонро халалдор насозанд.

       Дар ин раванд, ҳанўз дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Қўшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Омўзишгоҳи олии сарҳадӣ таъсис дода шуданд.

       Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан, дар айёми барои кишварамон хеле вазнин ҷиҳати баркарор    намудани   сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва дастаҳои   мусаллаҳи ҷинояткор,    ошўбҳои хиёнаткоронаву кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллату давлати тоҷикон ва ҳифзи марзу буми Ватан фидокории худро нишон доданд.

     Бо истифода аз фурсат, ба тамоми хизматчиёни ҳарбии Кувваҳои мусаллаҳ,  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва ҷавонони далеру шуҷои ватан, ки барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, арзишҳои истиқлол, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ саҳми бузург гузоштанд ва ба падару модарон ва оилаҳои афсарону    сарбозоне,  ки дар ин роҳ ҷони худро аз даст доданд, изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоям.

      Таъмини бехатарӣ, амнияти давлат, ҳимояи марзу бум  ва сулҳу субот  дар кишвар аз  ҳамаи мо хусан аз низомиёни ватандўст вобаста аст.

   Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ  воқеан ҳам ҳомиёни сарсупурдаи  кишвар ва амнияти мардум  мебошанд.  Ҳамчун    нерўи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта,   марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад. 

     Аз ин лиҳоз, кормандони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат масъулияти дучанд бояд дошта бошанд.  Чӣ тавре   ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст; терроризму экстремизм чун вабои аср миллату Ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан    ба     ҳадафҳои   ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандўстӣ, масъулияти хештаншиносӣ баҳри ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа сарҷамъу якдилона меҳнат намоем, то боварию эътимоди Сарвари давлатро ба ҷо оварда бошем. Зеро   Асосгузори   сулҳу    ваҳдати миллї – Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудааст, ки “Мардуми шарифи кишварро даъват мекунам, ки мисли ҳарвақта муттаҳиду сарҷамъ бошед ва дар ҳама ҳолат, хусусан, дар ҳолатҳои вазнин якдигарро дастгирӣ кунед ва ба ҳамдигар ҳалиму   меҳрубон  бошед.    Махсусан,   дар айёме, ки илова ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва оқибатҳои сахту сангини онҳо ба зиндагии мардуми сайёра, таҳдиду хатарҳои муосир, дар навбати аввал, терроризму экстремизм ва дигар   ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, амнияти бисёр давлатҳо ва мардуми онҳо, аз ҷумла   Тоҷикистони   моро  халалдор мекунанд, мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем”.

      Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба рўзи Артиши миллӣ дар байни ҷавонони деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

     Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷавонписарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз шароити хизмату истироҳати хизматчиёни қисми ҳарбии 0307 – и Қушунҳои   сарҳадии    Кумитаи давлатии амнияти миллии   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуда,  зимни баргузории аксияи “Модарон ба дидорбинии фарзандон мераванд” вохўрии занону модарон, ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо афсарону хизматчиёни қисми ҳарбӣ баргузор гардид, 

           Афсарону хизматчиёни ҳарбӣ!

           Ҷавонони далеру шуҷои Ватан!

 

      Дар фароварди суханам  бори дигар тамоми ҳайати шахсии Кувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҷавонони саодатманди кишвари азизамонро ба ифтихори солгарди  бисту нуҳуми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона табрик ва муборакбод  гуфта, ба ҳамаашон  саломатӣ,  орому осуда, рўҳи қавӣ, иродаи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай