Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вохўрии судманд бо фаъолони деҳоти Чубек

       Дирӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои  тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори маҷлиси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №5-и Ҷамоати деҳоти Чубек  вохӯрии гуруҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ, Сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия полковники милитсия Ташрифзода Ш, сардори  шуъбаи  дар  ноҳиябудаи КДАМ ҶТ  Қодиров С.,  мудири бахши кор бо занон ва оила Фотима Маҷидова, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Шоҳин Назаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов   бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии Ҷамоат доир гардид.

      Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ  тавассути бурдани корҳои таблиғотию тарғиботӣ ба мардум расонидани муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар ва таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”,  инчунин, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ,  садоқат ба Ватан, худшиносию хештаншиносӣ,  ҷилавгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва равияҳои хусусияти ифротидошта, бегонапарастӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан дар рушд ва шукуфоии диёри маҳбуб мањсуб меёбад.

       Вохӯриро муовини  раиси  ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ ҷамъбаст намуда, ба аҳли ҷамоатчигии деҳоти Чубек таъкид  намуданд, ки корро дар самтҳои номбурда боз ҳам беҳтар ба роҳ  монанд.

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай