Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОСОРХОНА– БОЗГЎИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУН

          Солиёни дарозест, ки Осорхонаи таърихї-кишваршиносии ноҳия  баҳри дар рўҳияи баланди хештаншиносӣ  тарбия намудани ҷавонону наврасон нақши калидӣ бозида, онҳоро ба гузаштаву имрўзаи ин ноҳияи навбунёд шинос мекунад. Ин нигораҳо бозгўйи таърихи ноҳия ва роҳи тайкардаи фарзандони барўманди он дар ташкил ва ободу зебо гардондани ин ноҳияи навбунёд  мебошанд. Танҳо дар давоми ду моҳи сипаришуда, ба тамошои ин макони худшиносии миллӣ   толибилмони мактабҳои миёна, муаллимону табибон  ташриф фармуда, аз нигораҳои он  дидан карданд.Дирўз  омўзгорон ва хонандагони мактабҳои №№1,13,14,25,47 аз  осорхонаи  таърихӣ- кишваршиносии ноҳия дидан  намуда,  ба худ  ғизои  маъванӣ гирифтанд.

      Дар осорхона барои тамошои ташриффармудагон тамоми шароитҳо муҳайёст. Кормандони Осорхона ба ҳар шахси омада, оиди таърихи нигораҳо, бозёфтҳои археологӣ, макони пайдо намудани онҳо ва дорои қиммати таърихӣ доштани онҳо маълумоти пурра медиҳанд. Ба тамошобинон махсусан, толорҳои таърихӣ, этнографӣ, либосҳои миллӣ ва гўшаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, устод Одина Ҳошим басе писанд аст. Мо кўшиш мекунем, ки сол аз сол нигораҳои осорхонаро аз бозёфтҳои нав ба нави ноҳия зиёд намуда, хизматрасониро дар асоси талаботҳои рўз ба  роҳ мондашудааст.

   Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

                                                                                                                      

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай